Ҷаҳони Тоҷикон

6.«барандагони шамшерҳо» дар таркиби 4 нафар; 7.«мудири омода намудани аспҳо» (ахтачӣ); 8.«мудири галаи аспҳо» иборат аз 3 нафар; 9.«тирҳои дур ва наздик» (иҷрокунандагони фармонҳои шахсии хон) дар таркиби 4 нафар;
10.куҳансолон (маслиҳатчиёни калони хон) иборат аз 2 нафар.
Ин даҳ мансабҳои дарборӣ, ки онҳоро Чингизхон ҷорӣ кардааст, ба ҳеҷ ваҷҳ бо девонҳои машҳури давлати Сомониён муқоисанашаванда буда, танҳо ба баъзе аз ваколатҳои вакили дарбори амир, табиист, ки бо хусусияти тарзи зиндагии бодиянишинони муғул мувофиқбуда, рост меояд.
Сохтори хизмати ҳарбӣ, ки асоси ин империяи бодиянишинонро ташкил медод, бо девони ҳарбии Сомониён (дар «Сиёсатнома»- Низомулмулк тавсиф шуда) муқоиса кардан мумкин мебошад. Аз ҷиҳати ташкиливу интизомӣ он хеле бартарӣ дошт, зеро қисмҳои ҳарбии муғулон ба таври возеҳ ба «даҳҳо», «садҳо» ва «ҳазорҳо»
(«туман») тақсим карда шуданд. Мутахассиси варзида эътироф мекунад, ки намояндагони халқҳои бештар фарҳангӣ дар шахси тоҷирон метавонистанд дар ташкили горди хони муғул иштирок кунанд.
Коргузории хаттии байни муғулҳо, пас аз муттаҳид шудани кишвар пайдо шуд, ки мансабдорони ӯйғур, ки ба хизмати онҳо гузаштанд (аз найманҳо), хатти ӯйғурро, ки як вақт дар асоси хатти суғдӣ таҳия шудааст, истифода мебаранд. Яке аз натиҷаҳои аввалини қабули хатти уйғурӣ ҷамъоварӣ ва танзими қонунгузории суннатии муғулӣ (яса) буд, ки бо гуфтаҳои (билик)-и Чингизхон муддати тӯлонӣ дастурамали соҳибэътибор барои хонҳои муғул боқӣ монд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор