Ҷаҳони Тоҷикон

Қарахониён ва дигарон), вақте ки ҳар як шоҳзода аз чор улус (чор кишваре, ки ба чор писарони Чингизхон тақсим карда шуд) ба юришҳои муғулон якҷоя мерафтанд. Намояндагони ҳамаи ин чор улус дар назди волии мулкии Хуросон Чин-Темир қарор доштанд.
Вақте ки мушовири хони бузург Елюй Чутсай натавонист тақсимоти кишварҳои забтшударо дар байни писарон-шоҳзодаҳои Чингизхон пешгирӣ кунад, вай ба он муваффақ шуд, ки як мансабдори хони бузургро ба ҳар кадоме аз ин кишварҳо фиристонад, то ки барои ин шоҳзодаҳо, ки аз ҳуқуқи андоз ситондан маҳрум карда шуда буданд, хироҷ ҷамъоварӣ намояд. Ин як роҳи ҳалли хеле хуби рақобатҳо байни намуди хоҷагидории халқҳои бодиянишин ва бумӣ ва механизми мӯътадили нигоҳ доштани қудрати хони бузург дар тамоми вилоятҳои империяи паҳновар буд. Ин шоҳзодагон, асосан дар Варорӯд, тадриҷан ба қабули унвонҳои Сомониён «амир» шурӯъ карданд. Ин шакли идоракунии кишварҳои бумӣ аз ҷониби империяи бодиянишин дар солҳои аввал самаранокии худро нишон дод, зеро равандҳои марказгаро дар империяи паҳновар дарозтар боқӣ монданд.
Қавмҳои гуногуни бодиянишиноне, ки аз Муғулистон ё аз дигар даштҳо ба Варорӯд кӯч бастаанд, ки дар даштҳо, биёбонҳо ва нишебиҳои кӯҳҳо зиндагӣ мекарданд, асосан, ҳамчун савораи сайёр ва хуб мусаллаҳкардашудаи онҳо, чун кафили ҳифзи қудрати чингизиён баромад мекарданд. Идораи аҳолии бумии ин империяи бодиянишин ба дасти бюрократияи маҳаллӣ (асосан, тоҷикон) дода шуд.
Яке аз се мансабдори олирутбаи аршади андоз (муғулӣ- «танмачӣ») Маҳмуд Яловаҷи маъруф буд, ки, воқеан, Варорӯдро аз номи хони бузург бо қароргоҳаш дар шаҳри Хуҷанд идора мекард.
Вале, вақте ки бародари хони бузург Чағатой, ҳокими кишвар, Маҳмуд Яловачро худсарона ба Қароқорум даъват кард, Ӯқтой ба вай муқобилат нишон надод, балки баъдтар ӯро ба ҳамон мансаб ба Чин фиристод. Дар Варорӯд, ки ба ихтиёри Чағатай дохил карда шуда

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор