Ҷаҳони Тоҷикон

буд, ин мансаб (мансаби падарӣ)-ро Масъудбек, писари Маҳмуд ишғол кард. Бояд қайд кард, ки ин хонаводаи маъруфи тоҷирони сарватманди (сартҳо)-и Хоразм, ки дар Хуҷанд маскан гирифтаанд, сарфи назар аз хусуматҳо ва бархӯрди гуруҳҳои чингизиёни арбадакор, яке аз нақшҳои асосиро дар идоракунии устувори Варорӯд бозидааст. Идоракунии Варорӯд-заифтарин улуси (кишвари) империяи паҳновари муғулон, дар байни ҳамсоягони пурқудрат:
Муғулистон ва сипас Чин таҳти ҳукмронии бевоситаи хони бузург, «Ӯрдаи Тиллоӣ»-и (қароргоҳаш дар назди дарёи Волга) тавсеъталаб ва давлати пурқудрати Ҳулагуиён (Илхонҳои Эрон) малакаҳои фавқулодаи созиш ва тағйири самти ҳаракатро, ки намояндагони ин оила доштанд, талаб мекард. Дар вақти идораи бевоситаи мулкии кишвар (улуси Чағатай) ба Маҳмуд Яловоҷ (с. 1221-1238), писараш Масъудбек (с.1238-1289) ва се писари ӯ (с. 1289-1303), муяссар шуд, ки онҳо якчанд маротиба шаҳрҳои мушаххасро аз ғорат наҷот диҳанд, бисёр иншоотҳо, аз ҷумла, мадрасаҳоро бунёд кунанд, инчунин, ислоҳоти пулиро гузаронанд, яъне азнавсозии ҳаёти иҷтимоӣ-сиёсӣ, молиявию иқтисодӣ ва маънавии кишварро анҷом диҳанд.
Аммо, ақидаи дигаре низ мавҷуд аст, ки ин хонавода танҳо як восита дар дасти истилогарон буд, ки ба тарзи ҳаёти бодиянишинон содиқ монда, намехостанд, ба ҳаёти тарзи муқимӣ (шаҳрӣ) гузаранд, ҳангоми ситондани андозҳои аз ҳад зиёд таҷрибаи мавҷудаи бюрократияи мулкӣ истифода мешуд.
Ба ибораи дигар, истилогарони муғули Варорӯд бартариҳои анъанаҳои Сомониёнро ҷиҳати муваффақона идора кардани кишвар нисбати низоми ибтидоии қабилавии худ эътироф карданд, аз ин рӯ, дар тӯли асри XIII онҳо бо ҷамъоварии андозҳо маҳдуд шуда, ба он мустақиман дахолат накарданд .

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор