Зеҳн
Ҷаҳони Тоҷикон

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 335 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

хоҳад дошт. Ҳамзамон, зиндагии ҷудогонаи бодиянишинон аз аҳолии бумӣ, ки аз замони хони бузург Ӯқтойхон ҷорӣ шуда буд, нигоҳ дошта шуд. Чунки онҳо манфиатдор буданд, ки даромадҳо ва андозҳо аз аҳолии бумӣ доимо ворид шавад ва барои ҳамин онҳо ба ҳаёти рӯзмарраи аҳолии деҳот ва шаҳрҳои кишварҳои зердаст, дахолат намекарданд.
Дар шароити нави зиндагӣ, вақте ки нерӯҳои беруна ба ҳаёти ҳамарӯзаи сокинони Варорӯд чандон дахолат намекарданд, Масъудбек тавонист ислоҳоти пулиро анҷом диҳад, ки боиси эҳёи ҳаёти тиҷоративу иқтисодии кишвар гардид.
Дар охири асри XIII аз ҷониби хонҳои Хайду ва Тува шаҳри нави Андиҷон бунёд гардид, ки пас аз як садсола мақоми маркази кӯҳнаи вилоят Узгандро коста карда, ба шаҳри асосии вилояти

пешина
аз 335
навбатӣ