Ҷаҳони Тоҷикон

бе муқобилистӣ бо “роҳзанон”давлатро идора мекард. Пас аз маргаш писараш Абдуллоҳ, ки аллакай дар Самарқанд муддати тӯлонӣ зиндагӣ мекард, ба тахт омад. Амири нав мехост пойтахти худро ба ин шаҳри бузург интиқол диҳад, ки амирон– ҷонибдорони тарзи зиндагии бодиянишин ба он муқобилати сахт нишон доданд. Дар ин муборизаи “даштҳо ва шаҳрҳо” амири Варорӯд фавтид ва кишварҳо дубора ба солҳои даргириҳои дохилӣ ва ҳамлаҳои беруна аз Муғулистон гирифтор гардиданд.
Мушкилоти барқарор кардани субот ва мутамарказгардонии қудрат дар Варорӯд, масъалаи хеле муҳим буд, ки амир Темур аз ӯҳдаи он ба хубӣ баромад.
Тавре ки маълум шуд, дар Варорӯд анъанаҳои империяи бодиянишинон тадриҷан, мавқеи худро дар назди фарҳанги мусулмонон ва дар маҷмӯъ, анъанаҳои Сомониён аз даст додан гирифтанд. Аммо ин гузариш, ки мустақиман аз набераҳои Чингизхон оғоз ёфт, хеле дарднок гузашта, онро бенизомиҳои зиёди сиёсиву низомӣ ва муқовимати шадиди ҷонибдорони анъанаи бодиянишинон ҳамроҳӣ мекард. Анъанаи бодиянишинии муғулҳо дар Варорӯд муддати тӯлонӣ муқовимат кард, ки хонҳои чингизиён, сарфи назар аз он, ки намояндагони алоҳидаи онҳо ба тарзи ҳаёти шаҳрӣ (бумӣ) майл доштанд, натавонистанд онро комилан шикананд. Дар натиҷа, шаҳрҳои сершумори Ҳафтрӯд, ки ба туфайли хатсайри шимолии Шоҳроҳи Абрешим дар гузашта сарватманд шуда буданд, ба як марзи байни се улуси (кишвари ) муғулӣ гашта ва мувофиқан, ба майдони муҳоҷират, бархӯрд ва ҷанги дохилии тӯлонӣ мубаддал гашта буданд, хароб гаштанд.
Ин даври муборизаи шадиди стратегияи Сомониён ва ясаи Чингизхони ҷангҷӯ буд, ки дар он аввалин ғалаба кард, лекин дувумин дар шуури ҷамъиятии мардуми минтақа то замони нав «доғҳо» боқӣ гузошт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор