Ҷаҳони Тоҷикон

3.7. Темуриён ҳамчун ворисони маърифатноки
стратегияи Сомониён
Агар орзуи деринаи мутафаккирони антиқа дар бораи он, ки як олими донишманд ба сари қудрати олии давлат бархезад, дар Ғарб (дар Аврупо) дар симои император-файласуфи Рим Марк Аврелий таҷассум ёфта бошад, пас дар Шарқ (дар Варорӯд) он дар шахси олимамир Улуғбек, набераи асосгузори давлати Темуриён, таҷассум ёфтааст.
Калимаи маъруфи «тамоми қисмати маскунии ҷаҳон ба доштани ду шоҳ арзанда нест» бунёдкори охирин давлати абарқудрати Варорӯд, амир Темур, равшан нишон медиҳад, ки рисолати таърихии эҳёи стратегияи Сомониён дар шукӯҳи нав ба кӣ супорида шудааст.
Дуюмин бор бунёд намудани як давлати азими мутамарказ дар Варорӯд ва Хуросон баъди аҳди Сомониён, аз тарафи амир Темур, аз ҷумла чизҳои дигар, мубодилаи бардавоми афкор, ғояҳо ва навовариҳоро дар як минтақаи фароҳи маркази Авруосиё таъмин кард, ки ба ин ҷо на танҳо аз минтақаҳои ҳамсоя, балки аз Аврупои дур ва эҳёшудаистода низ, намояндагон ташриф оварданд.
Пас аз якуним садсолаи вуруди Варорӯд ба империяи васеи бодиянишини Чингизиён ва дар зери таъсири шадиди фарҳанги мусулмонон, дар маҷмӯъ, ва таъсири стратегияи Сомониён, аз ҷумла, қарор ёфтани бодиянишинҳо дар он дигаргунии куллӣ сурат нагирифта наметавонист. Стратегияи пурқудрати Сомониён, ки кайҳо марзҳои Варорӯд ва Хуросонро убур карда, натанҳо дар ҷанубу шарқӣ ба халиҷи Бангола ва дар ҷанубу ғарби ба гулугоҳи Босфор расидааст, балки пойтахти империяи Муғулистону Чин Юанро низ фаро гирифта буд, наметавонист дар ватани таърихии худ дубора эҳё нашавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор