Зеҳн
Ҷаҳони Тоҷикон

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 335 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Ғайр аз ин, воқеият он аст, ки ин нақшро, на намояндаи тоҷикон ва ё яке аз халқҳои турк, балки муғули туркшуда (аз қабилаи барлос) амир Темур иҷро кардааст. Ба ақидаи мо, ин қабилаи муғулӣ (барлос), дар ҷараёни туркигардӣ, ҳамзамон яке аз ҷузъҳои асосии ҳамзистии осоиштаи халқҳои тоҷику турк – (“синтези тоҷику турк”)-ро , ки аллакай таърихи 800 сола дошт, қабул кард. Ба тариқи дигар, онҳо дар раванди гузаштани қабилаҳои муғулӣ ба тарзи ҳаёти муқимӣ дар Варорӯд ва Хуросон анъанаҳои маҳаллиро қисман ё пурра қабул карданд, ки дар байни онҳо анъанаҳои Сомониён мақоми хосса доштанд. Ин як давраи фарогирӣ ва рақобати шадиди стратегияи Сомониён бо ясаи Чингизхони ҷангҷӯ, ки ҳаёти ҳаррӯзаи бодиянишинро ба танзим медарорад, буд, ки баъзан натиҷаҳои ғайричашмдошт медод.
Тавре ки аз зербобҳои пешина маълум шуд, Варорӯд ва ҳавзаи Тарим, бинобар ба равандҳои оммавии гузаштани қабилаҳо ва қавмҳои туркию муғулӣ ба дин ва тамаддуни исломӣ, аз ҷиҳати фарҳанг ва тамаддун аз ҳамдигар ҷудо шудан гирифтанд. Ҳавзаи Тарим, аз тарафи муаллифони тоҷику мусулмонӣ ва аҳолии он номи нав (Муғулистон) ва мардуми он ба сабаби тамоюл ба ҳамлаҳо ва ғоратгариҳои доимӣ номи ҷете (роҳзан)-ро гирифтаанд. Мардуми бумӣ ва бодиянишини Варорӯд, ки он замонҳо ҳамчун бо номи улуси Чағатой маълум буд ва аҳолии он дар тасаввури муғулҳо “караунас” (яъне метисҳо) буданд. Ин тафовути фарҳангӣ, инчунин, сабаби ҳуҷуми сершумори хонҳои Муғулистон ба Варорӯд ва ғорат шудани шаҳрҳо ва аҳолии он, бо сабаби парокандагии кашмакашиҳои хонҳои амирон ва пешвоёни қабилаҳои маҳаллӣ буд. Замони ин берабтиҳо ва бесарусомониҳо пешвои нави як давлати бузурги обод ҳамчун амир Исмоили Сомонӣ талаб мекард, ки метавонист қудратро дар тамоми минтақаи Варорӯд ва минтақаҳои атрофи он мутамарказ кунад ва бо ин ба парокандагӣ ва низоъҳои дохилӣ хотима бахшад ва субот ва рушди минбаъдаи онро таъмин кунад.

пешина
аз 335
навбатӣ