Ҷаҳони Тоҷикон

Вале воситаи муассиртарини таъсиси як давлати азим, ба мисли даврони Сомониён, воситаҳои зерин, ба монанди шамшер ва хутба боқӣ монданд, вақте ки асосгузори давлат ба шарофати қувваи мусаллаҳи худ, як қатор шаҳрҳоро забт карда, ба масҷиди бузурги онҳо даромада, талаб мекард, ки дар он хутба ба номи ӯ хонда шавад, ки он тасдиқи таъсиси як давлати навро муқаррар менамуд. Ин вазъият, ба монанди панҷсад соли пеш, маънои тағйири қудрат ва бунёди сулолаи навро дошт.
Дар ин ҷо мо бо андешаи коршиноси барҷаста, ки тасдиқ мекунад, ки дар рафтор ва коргузории амир Темур анъанаҳои урфу одатҳои муғулӣ нисбати суннатҳои мусулмонӣ (аз ҷумла, стратегияи Сомониён) афзалият пайдо кардаанд, розӣ шуда наметавонем, зеро як қатор мисолҳои бартарияти дувум вуҷуд доранд:
-унвони амир, ки онро худи Темур қабул кардааст (мусулмон- Сомониён), на хон ё гурхон (унвонҳои даштӣ);
-идомаи суннати хонҳои мусулмоншудаи пешгузаштагон, сарфи назар аз муқовимати шадиди нигоҳдорони суннатҳои даштӣ, ки кӯчманчигии доимиро афзал медонанд;
- дар марз бо дашт (ба истиснои Шаҳрисабз ва Самарқанд) бунёди мақбараи боҳашамат ба авлиёи машҳур дар байни халқҳои дашти Аҳмад Ясавӣ (дар наздикии Туркистони Қазоқистони муосир), инчунин машваратҳо ба меъморон ва бинокорон дар ҷараёни банақшагирӣ ва сохтмони иншооти азими мусулмонон;
-мубоҳисаҳои оммавӣ дар мавзӯъҳои динӣ бо рӯҳониёни пешбари давлати исломӣ ва эҳтиром ба намояндагони маъруфи онҳо, ҳифзи масҷидҳо ва дигар сохторҳои мусулмонӣ, дар вақти муҳосира ва забти шаҳрҳо ва кишварҳо;
-ҳифз ва истифодаи васеи забони тоҷикӣ дар коргузорӣ ва истифодаи васеи амалдорони мулки (тоҷики)-и давлати худ;

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор