Ҷаҳони Тоҷикон

-ҷалби олимон ва шоирони кишварҳо ва шаҳрҳои забтшуда ба пойтахти давлат (Самарқанд), суҳбат бо онҳо дар мавзӯъҳои таърихӣ, шатранҷбозӣ ва ғ.;
-ба ҳадди зиёд васеъ намудани назорат аз болои хатсайрҳо ва шаҳрҳои калидии хушкигарди Шоҳроҳи абрешим ва ғ..
Яке аз ҷанбаҳои барҷастаи фарогири фаъолияти серсоҳаи амир Темур дар он аст, ки ӯ холигии шаҳрсозиро дар Варорӯд ҷуброн кард.
Маълум аст, ки муғулҳо дар замони забти Варорӯд ва Хуросон, аҳолии бисёр шаҳрҳои онро бо истиснои қисми руҳониён, ки ба истилогарони нав изҳори садоқат мекарданд, инчунин, ҳунармандон, қатли ом мекарданд. Даҳҳо ҳазор ҳунармандон ҳангоми бунёди қалъаҳо ё сохтани як пойтахти нав (Қарақорум) дар Муғулистон ва (Ханбалик- Пекин) дар Чин барои иҷрои корҳои сохтмони иҷборӣ сафарбар шуданд. Аз ин рӯ, дар Варорӯд ва Хуросон норасоии ҳунармандони дорои анъанаи пайвастаи ҳазорсола, ки онро Амир Темур, ки анъанаи рабудани ҳунармандонро ин дафъа, бараъкс ба Осиёи Марказӣ идома дод, пур кард. Бунёди «иншоотҳои пирузӣ», ки дар замони Қарахониён оғоз ёфта буд, дар доираи амири Темур ва ворисони ӯ миқёси азимеро ба даст овард. Дурахш ва шукӯҳи чунин иншооти бошукӯҳ, ба монанди Гӯри Амир, Бибихонум, Шоҳи Зинда ва бешубҳа, мадрасаи Улуғбек (ҳамчун қисми якуми маҷмааи Регистон), имрӯз аз бузургии биносозиии онҳо шаҳодат медиҳад. Бисёр соҳаҳои марбут ба шаҳрсозӣ, ба монанди ҳайкалтарошӣ, наққошӣ, сафолсозӣ, кандакорӣ, оҳангарӣ ва ойнасозӣ бо шукӯҳу шаҳомати нав эҳё шуданд. Ҳамзамон, як пажӯҳишгари муосири амрикоӣ иқрор мешавад, ки ин «забткори ҷаҳон» аз пешгузаштагони худ бо он фарқ мекард, ки бештар ба ҷустуҷӯи «ғояҳо» не, балки ба «чизҳо» таваҷҷӯҳ дошт, аз ин рӯ, барои меъморӣ пулро дареғ намедошт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор