Ҷаҳони Тоҷикон

Пас аз ин талошҳои фавқулода, вай мехост, ки худи кишвари истеҳсолкунандаи абрешим-Чинро забт кунад, ки дар оғози ин лашкаркашии бузург вафот кард.
Эҳёи минбаъдаи суннатҳои Сомониён пас аз даргузашти асосгузори давлат идома ёфта, ҳокимияти олӣ, бо писараш Шоҳрух ба пойтахти Ҳирот гузашт ва дар Варорӯд писари амири нав Улуғбек, бо пойтахташ дар Самарқанд, чун волии падар ҳукмронӣ мекард. Агар дар даврони Сомониён дар байни бисёр шаҳрҳои ободи Варорӯд ва Хуросон, Бухоро ва Самарқанд, ки дар мавқеи аввал ҷойгир буданд, пас дар давраи Темуриён Ҳирот ва Самарқанд, ба мадди аввал баромаданд, ки ҳар яке дар ду минтақаи аслии тоҷикон – Осиёи Марказӣ воқеъ буданд. Дар айни замон, Ҳирот, ки аз Нишопур ва Балх мақоми шаҳри асосии Хуросонро ба даст овард, ҳамчун маркази тиҷорати байналмилалӣ бештар ба Ҳиндустон ва Самарқанд ба Чини суннатӣ нигаронида шуда буд.
Амири нав Шоҳрух (с. 1405-1447), аз падари худаш, бо фарҳанги мусулмонӣ ва урфу одатҳои парҳезгории онҳо бештар бархурдор буд ва дар ниҳоят аз анъанаҳои даштӣ пурра даст кашид. Ӯ анъанаи падари худро бо дар симои намояндагони чингизиён пешбарӣ кардани хонҳои лӯхтакмонанд идома надод. Ду писари ӯ Улуғбеку Бойсунқор ва баъдтар охирин султони маърифатпарвар (Ҳусайн Бойқаро), ба мисли панҷсад соли пеш (давраи пуршарафи Сомониён) дар эҳёи «асри тиллоӣ»-и ҳақиқӣ дар Варорӯд ва Хуросон саҳми назаррас гузоштанд.
Истеъдоди онҳо на дар тақлид ба лашкаркашиҳои таҷовузкоронаи бобои пурқудрат ва на дар сиёсат, балки дар корҳои илмиву фарҳангӣ зоҳир мешуданд.
Аз рӯи маълумоти коршиносон, худи амир Шоҳрух ифтихор дошт, ки ӯ ду писари боистеъдод дорад, ки яке аз онҳо (Бойсунқор) ба ӯ дар таъмини шукуҳ ва шаҳомати давлат дар худи пойтахт (Ҳирот) ва Улуғбек дар пойтахти Варорӯд (дар Самарқанд), ки боз канори

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор