Зеҳн
Ҷаҳони Тоҷикон

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 335 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

МУҚАДДИМА

Яке аз қадимтарин халқҳои на танҳо Шарқ, балки тамоми ҷаҳон, миллати тоҷик ва гузаштагони он дар ташаккул ва рушди тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми назаррас гузоштаанд. Ин ҳолат масъалаи бозгашти доимӣ ва хастанопазир ба ин мавзуъ барои пайдо кардани ҷанбаи нави ин саҳм ё бознигарии ин ё он ҷанбаи омӯхташудаи таърих ва фарҳанги чандинасраи халқи тоҷикро аз назари муносибати нав ё методологияи нав тақозо дорад.
Пешрафти босуръати илм ва техника дар охири асри XX ва аввали асри XXI бардоштани пардаи норавшаниро аз баъзе «нуқтаҳои» таърих, ки дар гузашта омӯзиши ҳамаҷонибаи онҳоро намегузоштанд, тақозо менамояд. Зарурати омӯзиши ҳамаҷониба ва амиқи мероси бузурги таърихиву фарҳангии халқи тоҷик ва гузаштагони он низ ба андозаи зиёд аз ба даст овардани истиқлоли сиёсии он вобаста аст. Соҳибихтиёрии давлатии халқи тоҷик, ки ба даст овардани он пас аз танаффуси ҳазорсола, аз ҷумла масъалаи бозгашт ба ташаккулли муҳимтарин пояҳои бунёдии давлатдории этникии тоҷикон, ки дастовардҳои гузаштагонашон дар сиёсат, муносибатҳои байналмилалӣ (дипломатия), иқтисод ва соҳаи маънавиро дар бар мегирад, боз муҳимтар менамояд.
Таъсисёбии панҷ ҷумҳурии мустақили минтақа на танҳо симои геополитикӣ ва геоиқтисодии Осиёи Марказӣ, балки тамоми Авруосиёи паҳноварро ба куллӣ тағйир дод. Дар таҳкурсии пурқудрати шимоли Авруосиёи муосир (аз замонҳои қадим) нахустин қабати мустаҳками онро, бешубҳа, ниёгони мо (ориёиҳо) – сакоиҳо, суғдиён, бохтариён, хоразмиён ва монанди инҳо ташкил медиҳанд, ки дар охири ҳазораи II пеш аз милод аз меҳвари ҳиндуаврупоии худ ҷудо шуда, ба ҷанубу шарқ кӯч бастанд.

пешина
аз 335
навбатӣ