Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Алоқаи артиклу пешояндӣ. Дар ин навъи алоқа ду воситаи дастурӣ – артикли -е ва пешоянд иштирок мекунад. Ин навъи ибораи исмӣ бештар аз исму исм сохта мешавад: порае аз шиша, дастае аз сарбозони тоҷик.
Алоқаи атрибутӣ. Алоқаи ҷузъҳои ибора – байни калимаҳои маънои предмети (муайяншаванда) ва маънои аломатӣ дошта (муайянкунанда):
гули хушбўй, меҳри модар.
Алоқаи бепасоянд. Алоқаи байни калимаҳо, ки бе пасоянд ифода меёбад: мактуб навиштан, хўрок хўрдан.
Алоқаи бепешоянд. Алоқаи луғавию наҳвии байни калимаҳо, ки бе пешоянд ифода меёбад: хона рафтан – ба хона рафтан.
Алоқаи вобастагӣ. Як навъи алоқаи тобеи ибораю ҷумла буда, дар он калимаи тобеъкунанда – хабари бо феълу исму сифат ифодаёфта талаб мекунад, ки пуркунанда ё ҳол (ҷузъи тобеъ) бо пешоянду пасоянд тобеъ шуда ояд: китобро хондан, меҳмонро пешвоз гирифтан, шикоят аз пирӣ.
Алоқаи изофию пасояндӣ, ки дар байни ҷузъҳои ибора мушоҳида мешавад: мўҳри даҳони пиёла барин, зулфи сиёҳи пари зоғ барин. Асли ин ибораҳо чуни наст: мўҳри даҳони пиёла барин калон, зулфи пари зоғ барин сиёҳ.
Алоқаи изофию пешояндӣ, ки ду ҷузъи баробарарзиш: пешоянд ба вуҷуд меоянд: сўҳбати бо донишҷўён – сўҳбат бо донишҷўён. Ў барои то охир ниқоргирӣ аз душманони синфӣ миён бастааст (С.А.).
Алоқаи изофӣ. Тавассути бандаки изофии -и ибораҳои изофие сохта мешаванд, ки маъноҳои гуногунро ифода мекунанд: гули сари сабад (ибораи рехта), гули тоҷи хурўс, қуллаи баланди кўҳ, дўсти дерина.
Алоқаи мувофиқат. Чунин алоқа хоси ҷумла аст, зеро ин навъи алоқа дар байни хабару мубтадо мушоҳида мешавад. Аз рўи қоида хабари ҷумла аз рўи шахсу шумора ба мубтадо мувофиқат мекунад. Бандакҳои феълию хабарӣ воситаи алоқаи дастурии мувофиқатанд. Агар мубтадо бо исмҳои шахс ифода ёбад, алоқаи пурра ба амал меояд: Муаллим омад.
Муаллимон омаданд. Баъзан ҳангоми бо исми ғайришахс ифода

пешина
аз 389
навбатӣ