Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

(оҳанг),ки маънои нидоро тағйир медиҳад, аҳамиятеро дорост: Хомўш!
Ором! Ҷим! Диққат! Лаббай! Ташаккур! Раҳмат!
Интиқоқ (ар. – аз калима калимаи дигар сохтан) – аз санъатҳои шеъриест, ки шоир дар як мисраъ, байт ё калимаҳоеро, ки аз як реша сохта шудаанд ва ё шаклан ба якдигар наздиканд, бо маъноҳои гуногун кор мефармояд:
Ҳаким он касс, ки ҳикмат нек донад, Сухан маҳкам ба ҳукми хеш ронад.
Дар ин байт калимаҳои ҳаким, ҳикмат; маҳкам, ҳукм аз як реша сохта шудаанд.
Интонатсия (ниг.: оҳанг).
Инфикс (миёнванд) воситаи алоқа ва ё худ ванде, ки дар калимасозӣ байни ду реша ё ду асос гузошта мешавад: гулҳои ранг-о-ранг (рангоранг), камари пурпеч-у-хам (пурпечухам),куртаи хел-ма-хел (хелмахел); ҷуст-уҷў (ҷустуҷў), гуфт-у-гў (гуфтугў), девор-дар-миён (ҳавлии девордармиён).
Инфинитив. (ниг.: масдар).
Информатсия (лот. informare – акс кардан, тасвир кардан, тартиб додан, хабар расондан). Маълумотест, ки объекти суханро вобаста ба амале, ҳолате, воқеа, ҳодисаю падидае ифода мекунад.
Исм - исм ҳиссаи мустақили нутқ аст, ки маънои предметро бо категорияҳои шумора ва номуайянӣ ифода намуда, дар ҷумла бештар ба вазифаи мубтадою пуркунанда меояд. Маънои предметии исм маҳз дар он ифода меёбад, ки танҳо исм предметҳои конкретро мефаҳмонад. Дар ин гуна мавридҳо маънои луғавии грамматикии исм ба ҳам мувофиқат мекунад,предметро мефаҳмонад. Исм дар ҷумла пеш аз ҳама, мубтадо ва пуркунанда шуда меояд: Дар берун шаббодаи формае мевазид, хурўсҳо ба ҷеғ задан сар карда буданд (Ҷ.И.); Сартароши солхўрда деҳқони ҷавонеро рўйи санг шинонда, мўйи сарашро метарошид (С.У.). Исм ба вазифаи хабар зиёд истифода мешавад: Афғонистон мамлакати кўҳсор аст (А.Д.); Қизилтеппа деҳаи хурдакаки камбағал аст (С.У.). Исм ба вазифаҳои хабар зиёд истифода мешавад: деҳаи хурдакаки камбағал аст (С.У.). Исмро

пешина
аз 389
навбатӣ