Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

сохтани матн хизмат мекунанд: аввалан, сониян, аз як тараф, аз тарафи дигар, қисса кўтоҳ, хуллсаи калом. Воҳидҳои туфайлӣ дараҷаи воқеӣ будани фикри дар ҷумла ифодашударо мефаҳмонанд: бе шубҳа, дар ҳақиқат, рост аст ки: Дуруст аст ки, ҳар рўзи баҳор аз сангу тарозу ду-се чоряк гўшту равғани зиёдатӣ пайдо мекунам (С.А.). Воҳидҳои туфайлӣ эҳсосоти гуногуни гўяндаро (қаноатмандӣ, хушнудӣ, норозигӣ ва ғайра) нисбат ба фикри дар ҷумла ифодаёфта мефаҳмонанд: Хайрият ки, бо шафоати ман ҳамон рўз шумо дасти худро ба хуни бегуноҳе олуда накардед (Восифӣ).
Калима. Калимаҳо аз воҳидҳои асосию муҳимтарини забон буда, дар қиёси воҳидҳои дигари забон бо мустақилияти бештари худ фарқ карда, дар қолабҳои овозии устувор системаи маъноҳои гуногунро ифода мекунанд. Онҳо тавассути он маъноҳо бо мафҳумҳо ва ашёҳои ҳаёти воқеӣ, маданияти моддӣ, таърихи гузаштагон, ҷаҳонбинӣ ва олами маънавии одамон алоқаманд мешаванд. Дар калимаҳо таҷрибаю дониши ғункардаи инсон инъикос ёфтаанд. Раванди ташаккули калимаҳои забон аз падидаҳои дуру дароз ва мураккаби таърихи инсоният мебошад.
Калимаҳо дар забоншиносӣ, пеш аз ҳама, аз бобати сохтору қолаби овозӣ, системаи маъноҳо ва вазифаҳои дар забон доштаашон омўхта мешаванд.
Ягонагии овозҳои ҷудогона ва ё таркибҳои овозӣ бо маъноҳо воҳидҳои забонро ба вуҷуд меоварад. Воҳиди забон ҳамчун падидаи яклухту мустақили забон ба воситаи маънои худ ба ҳаёти воқеӣ алоқаманд аст.
Дар қиёси воҳидҳои дигари забон калимаҳо бо мустақилияти бештари худ фарқ мекунанд. Мустақилияти калимаҳоро дар ҷудошавии нисбатан осони онҳо аз матнҳои пурра мушоҳида кардан мумкин аст. Калима дар матн дар сурати шаклҳои гуногуни грамматикӣ зоҳир мешавад, ки маҷмўи он шаклҳо парадигмаҳои мустаъмали калимаро ба вуҷуд меоваранд.
Масалан, шаклҳои даст, дастам, дастҳо, дасте ҳар яке калимаи мустақил набуда, шаклҳои гуногуни грамматикии як калима – даст мебошанд.
Калимаҳо на фақат дар луғатшиносӣ, балки мавзўи баҳсу омўзиши қисматҳои дигари забон: савтиёт, сарф низ мебошанд. Дар забоншиносии

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо