Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

калимаҳои адабии китобӣ: а) онҳо рангубори хосаи бадеӣ доранд.
Чунончи, калимаи дилангез дар муқоиса бо муродифҳои он: ҳузновар, ҳаяҷонбахш, пуртаъсир; б) оҳанги ифодаи чунин калимаҳо мутантан аст:
ҳумоюн, муборак, хуҷаста, фархунда; бузургдошт-мўътабар, вожгунсарнагун, чаппа.
Калимаҳои аморфӣ (юн. amorphous – бешаклӣ). Калимаҳое, ки ягон категорияи морфологӣ надоранд. Аз ин рў, чунин калимаҳоро ба ин ё он ҳиссаи нутқ нисбат намедиҳанд. Масалан, дар забони русӣ калимаи есть, антонимаш нет. Дар забони тоҷикӣ калимаи боз чунин хусусият дорад:
Чӣ, ин қадар менолӣ, боз мардак! Чаро ба дарс наомадӣ, боз аълочӣ! Баъзе калимаҳои ёридиҳанда ва ҳиссачаҳо низ шакли грамматикӣ надоранд: аз, ба, то, ки, -дия, -ку.
Калимаҳои аслии тоҷикӣ. Калимаҳои аслии тоҷикӣ аз гурўҳҳои дигари вожаҳои таркиби луғавӣ бо қабатҳои таърихии худ, хосиятҳои фарқкунандаи лингвистӣ ва мансубияти лексикиву грамматикиашон фарқ карда, гурўҳи махсуси калимаҳои забонро ташкил медиҳанд. Таркиби калимаҳои аслии тоҷикӣ таърихан гуногун буда, дар байни онҳо баробари вожаҳои мансуб ба қабати ҳиндуаврупоӣ, калимаҳои умумиэронӣ ва сирф тоҷикиро мушоҳида кардан мумкин аст. Калимаҳои амсоли зан, модар, абрў, занах, лаб, гесў; гург, гов, саг; ситора, замин, дарахт; рост, гарм, равшан; панҷ, даҳ,сад; паз – навис – аз ҳамин қабиланд. Бунёди лексикиву грамматикии забони муосири тоҷикиро лексикаи бостонии умумиэронӣ ташкил медиҳанд: асп, чашм, бўй, душман; баланд, бузург, нек, бад; як, ду, се, даҳ,сад; бар-, пурс-, дар… Калимаҳои сирф тоҷикӣ ифодагари мафҳумҳои муҳими зиндагӣ,урфу одати мардуми тоҷик буда, дар забонҳои дигари эронӣ баназар намерасанд: хишт, рег, ангишт,курта, жола, тундар, хусур, ҷигар, мўза, хурд, бехтан, гурехтан, ёристан ва м.ин.
Муҳимтарин нишонаю аломатҳои забонии калимаҳои аслии тоҷикӣ инҳоянд: а) решагӣ ё якҳиҷойӣ будани решаи чунин калимаҳо: ў, о,; об, ош, мо, бо, бад, нон, асп, орд; б) устуворию пойдории чунин калимаҳо.
Бештарини калимаҳои аслии тоҷикӣ мафҳумҳои ҳаётан муҳимро ифода

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо