Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Категорияи ҷинсият. Ҷинсият ҳамчун категория хоси ҳиссаҳои гуногуни нутқ аст, ки калима ё шаклҳои калимаҳоро ба ду ё се гурўҳ ҷудо мекунад, ки бо аломати ҷинсият ё набудани он иртибот дорад; ин гурўҳи калимаҳоро бо истилоҳҳои ҷинси мардона, ҷинси занона, ҷинси миёна ифода мекунанд. Танҳо дар гурўҳи муайян исмҳо инъикоси тафовутҳои ҷинсиро мушоҳида мекунем (номи одамон ва баъзе ҳайвонот, муқ. «брат»
– «сестра», «волк» – «волчина» дар забони русӣ «бародар» – «хоҳар», «падар» – «модар», «духтар» – «писар» дар забони тоҷикӣ). Категорияи ҷинсият хоси сохтори грамматикии бештарини забонҳои ҳиндуаврупоист.
Забонҳои бостон (авастоӣ, санскрит, юнонӣ, лотинӣ) дорои ҷинсияти сегонаанд, аммо дар забони хетӣ ду ҷинсият: умумӣ (ҷондор) ва миёна.
Дар забонҳои эронӣ низ ҷинсият ба тағйиротҳои ҷиддӣ рўбарў шудааст ва ҳатто дар баъзеашон аз байн рафтааст, аз ҷумла дар забони тоҷикӣ (форсӣ, дарӣ). Вазифаи тафовути ҷинсият бештар аз флексия ба артикл мегузарад: дар забони олмонӣ (der, die, das), забони франсавӣ (un-une, lela). Дар забонҳои славянӣ низоми седараҷагии ҷинсият бо категорияи исмҳои ҷондору беҷон вобаста шудааст. Дар забони тоҷикӣ ҷинсияти грамматикии исмҳо вуҷуд надорад. Тафовут танҳо дар маънои ҷинсияти биологии одамону ҳайвонот аст. Ифодаи ҷинсияти биологӣ бештар дар исмҳои номи одамон ифода мегардад ва он аз маънои калима бармеояд: 1.
Мард, писар, додар, бародар, падар. 2. Зан, духтар, хоҳар, ҳамшира, модар. 3. Падар, амак, тағо, бобо, ҷўра.4. Оча (модар), амма, холла, момо, дугона. Калимасозӣ роҳи дигари ифодаи ҷинсият аст. Дар ин маврид барои ифодаи тафовути ҷинсият бо ёрии калимаҳои мард, зан, писар, духтар, бача калимаҳои мураккаб сохта мешавад: пирамард, ҷавонмард, тоҷикписар, холабача; пиразан, ҷавонзан, холадухтар, бойдухтар.
Ҷинсияти исмҳои занона бо ёрии калимаҳои гул, моҳ,бибӣ ифода меёбад:Раҷабмоҳ, Раҷабгул, Гулсанам, Бибираҷаб. Роҳи дигари ифодаи ҷинсият дар ду шакли ҷинсият (занонаю мардона) иқтибос аз забони арабист: шоир-шоира, адиб-адиба, котиб-котиба, раққос-раққоса.

пешина
аз 389
навбатӣ