Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

вази унсурҳо ба вуҷуд меояд: алифу лайл – ҳазор (ва як) шаб (гуфтугўй) ба ҷои ар. Алфа лайли ва лайлатун; анзур: пиёзи анзур. Ба ҷойи «ансул»
(«пиёзи ансул»); афзояд. Ба ҷойи «афзояд». Зери таъсири «афзун» ва шакли масдарии «афзудан»:
Касе ки ҳамроҳи соқӣ-ст, кай бувад ҳушёр, Чаро шароб нагирад, чаро наяфзуяд (Ҷ.Р.).
Падидаи омезиши калимаҳо дар гуфтори кўдакон низ мушоҳида мешавад, аз ҷумла дар натиҷаи омезиши асосҳои феълӣ: шикандам ба ҷойи шикастам, биндам ба ҷойи дидам. Дар осори классикӣ низ чунин омезиш ба назар мерасад: Дар «Бўстон»-и Саъдӣ ба ҷойи махуси шакли махуфӣ истифода шудааст:
Нигаҳ кард шўрида аз хоб гуфт:
«Маро фитна хонию гўӣ: махуфт».
Контекст (аз лот. contextus – пайваст, алоқа). 1. Порча, фиқраи матн, ки барои таҳлили воҳиде, ки ҷиҳати муайян кардани маънои ин воҳид зарур аст. Контекст порчаи матне, ки аз воҳиди таҳлилӣ хурд аст. 2.
Имконияту вазъи истифодаи воҳиди забонӣ дар нутқ (матн). Муқаррар кардани маънои калима аз рўйи матн.
Конфикс. (аз лот. con – пешванде, ки маънои муштарак буданро дорад ва fixus – маҳкам, устувор кардан).
Коррелятсия (аз лотинии correlation – таносуб) – таносуб ва робитаи мутақобилаи унсурҳои забонӣ. Чунин робитае, ки дар заминаи таносуби умумият ва тафовути хосиятҳои моддӣ ё функсионалии унсурҳои забон ба вуҷуд омадааст ва воситаи асосии муттаҳид кардани система мебошад.
Мафҳуми «коррелятсия»-ро забоншиносон А.Мартине ва Р.Д.Якобсон ҷорӣ намудаанд. Коррелятсияи системаи тазоди фонологӣ, ки бо аломати умумии фарқкунанда алоқаманд аст, коррелятивист. Фонемаҳои садоноки забони тоҷикӣ дар сатҳи фонетикӣ аз ҳамдигар бо чор хусусияти худ: қатор, бардошт, кори лабҳо ва тамдид фарқ мекунанд, аммо дар сатҳи фонологӣ ин хусусиятҳо саҳму арзиши гуногун доранд. Дар сатҳи фонология барои аз ҳамдигар фарқ кардани садонокҳо ду хусусияти аввал

пешина
аз 389
навбатӣ