Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Қисми пайравбуда. 1. Ҷумлаи пайрав. 2. Таркиб ё иборае,ки ба ҷумлаи пайрав наздик буда, дар таркиби ҷумлаи мураккаби тобеъ воҳиди предикативӣ шуда наметавонад (Мас., Ибораи масдарӣ. Ибораи сифати феълӣ. Ибораи қиёсӣ: Акнун ду кор монда буд: Яке аз инҳо – саҳми ҳар касро ҷудо карда, ба дасти худаш додан, дуюм, – барои кас бозори ҷудогона таъмин намудан (С.А.).
Қисми предикативии ҷумлаи мураккаб. Қисме, ки аз рўи сохт ҷумлаи сода буда, ба қисми дигар, ки шаклан сода аст, якҷоя воҳиди пурраи синтаксисӣ – ҷумлаи мураккаберо ташкил медиҳад.
Қисми фаъоли луғат. Вожаҳои фонди луғавӣе,ки ба аксари соҳибони забон фаҳмо буда, дар ҳамаи услубҳои гуфтор истифода мешаванд.
Қоида. 1. Тартиб, низом ё таърифи ҳамеша амалкунандае, ки ин ё он хусусияту падидаи забониро ифода мекунад. 2. Пешниҳод ё тавсияе, ки барои истифодаи хусусиятҳои меъёрии воситаҳои забонӣ дода мешавад.
Ниг.: қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ. қоидаҳои орфоэпӣ.
Қоидаҳои грамматикӣ. Таъриф ё тавзеҳе, кихусусиятҳои грамматикии воҳидҳои забонро мефаҳмонанд: Таърифи исм. Таърифи феъл. Таърифи ибора. Таърифи ҷумла.
Қоидаҳои имло. Пешниҳод ва тавсияҳое,ки тартиб ва номи ҳарфҳои имло, имлои садонокҳо, имлои ҳамсадоҳо, аз сатр ба сатр гузаронидани ҳиҷои калима ва имлои ҳиссаҳои нутқро (исм, сифат, шумора...)-ро ифода мекунанд.
Қонунҳои дохилии инкишофи забон. Қонунҳое, ки ҷараёни инкишофи забонро ҳамчун падидаи махсуси ҷамъиятии ба ин ё он забон хос ифода мекунанд. Қонунҳои умумие ҳастанд, ки хоси ҳамаи забонҳоянд: қонуни инкишофи тадриҷии унсурҳои нав ва аз байн рафтани унсурҳои кўҳна; Қонуни инкишофи нобаробари сохтори забон – зуд тағйир ёфтани таркиби луғавӣ ва суст тағйир ёфтани низому сохти грамматикӣ. Қонунҳои дохилии инкишофи забонҳои ҷудогона – васеъшавии таркиби луғавӣ, таҳаввулоти низоми овозӣ ва сохти грамматикӣ мебошанд.

пешина
аз 389
навбатӣ