Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

наздик шудан ва в) ҳангоми ларзидани онҳо. Дар забони тоҷикӣ ҳамсадоҳои ларзанда яктост: Р. Ҳамсадои пешизабонии лаҳнии ларзандаи Р дар натиҷаи афзоиши замони талаффуз ва теъдоди ларзиши нўги забон дароз талаффуз шуда, такрор меёбад: ар: а (арра), бур: о (бурро), зар: а (зарра).
Лаҳҷа. Забоншиносӣ як силсила соҳаҳои мустақили илмҳоро фаро мегирад, ки ҳар кадоми ин соҳаҳо мабҳас ва усули тадқиқотии худро дороянд. Лаҳҷашиносӣ (шевашиносӣ) низ як соҳаи доманфарохи забоншиносӣ мебошад. Муодили байналхалқии ин истилоҳи илмӣ диалектология буда, аз ҷузъҳои dialektos – шева, лаҳҷа ва logos – илм, таълимот гирифта шудааст. Ин соҳаи забоншиносӣ дар бораи лаҳҷаю шеваҳо баҳс мекунад ва хусусиятҳои савтию дастурӣ ва луғавию лаҳҷаҳоро меомўзад.
Лаҳн. а) Тағйирёбии тафовути тавсифи баландию навои садопардаҳо ҳангоми талаффузи воҳидҳои забонӣ; б) овози баландии муайяндошта, овози мусиқавӣ, ки аз шавшув фарқ мекунад; в) тобиши нутқ. Аз нигоҳи фонологӣ лаҳн яке аз воситаҳоест,ки барои фарқ кардани маънои луғавию грамматикӣ истифода мешавад: чинии шӣ «гум кардан»
– шӣ «даҳ», шӣ «кор», шӣ «таърих». Лаҳн воситаи асосии ташаккулу ҷудо кардани ҳиҷои заданоки забони тоҷикист, зеро ҳиҷои заданок маъмулан нисбат ба ҳиҷоҳои безада бо лаҳннокии бештар гуфта мешавад. Задаи тоҷикӣ лаҳнест, ки дар таърифи он низ ба назар мерасад: Бо лаҳни зиёд фарқ карда шудани ҳиҷои заданок хусусияти асосии аксентуатсияи забони адабии тоҷикист. Лаҳн ба маънои савт ва оҳанг низ кор фармуда мешавад.
Лексема (аз юн. Léxus – калима, ифода) – калима, ки ҳамчун воҳиди таркиби луғавии забон дар маҷмўи шаклҳои мушаххаси грамматикӣ баррасӣ мешавад ва флексия ва гунаҳои маъноии онҳоро ифода мекунад.
Лексика (аз юн. Lexikos – мансуби калима) – маҷмўи калимаҳои забон, таркиби луғавии забон. Ин истилоҳ қабатҳои ҷудогонаи таркиби луғавӣ (лексикаи маишӣ, коргузорӣ, шоирона) ва барои ифодаи кулли калимаҳои осори адиб низ истифода мешавад (луғати осори С.Айнӣ).

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо