Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

ифода меёбад: – Ту чӣ ҳақ дорӣ, ки дар хусуси оилаи ман, писари ман ҳар чӣ ба даҳанат ояд, гўӣ? (Р.Ҷ.). Савол тавассути ҷонишинҳои саволии кӣ (киҳо), чӣ (чиҳо), кадом, чӣ гуна, чӣ хел, чӣ навъ, чанд, чӣ қадар низ ифода меёбад: Ў аз кӣ чӣ харидааст ва ба кӣ чӣ фурўхтааст дар ин дафтар буд
(С.А.).
Аломати сакта «ъ». Ин аломат дар забони тоҷикӣ ду вазифа дорад:
- Ҳамсадои ҳалқиро ифода намуда (аъзо, баъд), сактадор шудани садонок ё ҳамсадои пешомадаро мефаҳмонад; 2. Барои ҷудо кардани ҳиҷо хизмат мекунад. Маҳз дар ҳамин вазифа аломат аст: анъана, масъала, машъал.
Аломати хитоб. Аломати хитоб дар охири ҷумлаи хитобӣ гузошта мешавад. Тўра дар ҳолати завқу ханда фармони худро такрор кард: – Гапа дароз накун, бефаҳм, тезтар бедона шуда ба ҷанг даро, набошад саратро мегирам! (С.У.). Баъзан ҷумла бо оҳанги саволу хитоб (саволи хитобомез ё хитоби саволомез) ба поён мерасад:
Пас чаро пурсанд баъзе дўстон:
«Чандрўза омадӣ ту меҳмон?
Пас чаро гўянд, ёрон Марҳабо!
Меҳмони Тоҷикистон, марҳабо!?» (М.Т.).
Аломатҳои китобат. Аломатҳое, ки қисми махсуси низоми графикӣхаттии забони муайяне буда, бо графика ва имло воситаи асосии забони хаттианд. Вазифаи асосии онҳо таҷзия ва созмони графикии матни хаттӣ мебошад. Аломатҳои китобатро ба ду гурўҳ ҷудо мекунанд: а) аломатҳое, ки дар дохили ҷумла меоянд: вергул (,), баён (:), нохунак (“”), тире (–), қавс (); б) аломатҳое, ки дар охири ҷумла гузошта мешаванд: нуқта (.), сенуқта (…), савол (?), хитоб (!), нуқтавергул (;). Аз рўйи вазифаашон низ аломатҳои китобатро ба ду гурўҳ ҷудо мекунанд: а) аломатҳои ҷудокунанда. Ин гуна аломатҳо марза ва ҳудуди сохтмон ва тарҳи синтаксисӣ буда, барои такмили муҳтавою мундариҷа, тафсири аъзоҳои ҷудогонаи ҷумла ва барои ифодаи муносибатҳои субъективонаи (зеҳнии) муаллиф ва ё барои ҷудо кардани нутқи ашхоси дигар ба матн илова карда мешаванд: ду тире (– –), қавсҳо (), нохунакҳо (“”); б) аломатҳои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё