Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

манбаъ нишон медиҳад. Дар забони точики луғати басомади калимаҳои русӣ-интернатсионалии С.Юлдошев таҳия ва чоп шудааст. Дар чунин луғатҳо калимаҳо аз рўйи чандомади истеъмоли онҳо ҷой дода шудаанд:
Османов М. Частотный словарь А.Унсурӣ. – М.: Наука, 1970. – 326 с.
Луғати басомади мазкур дар асоси маҷмўи калимаҳои «Девон»-и шоири классикии форсу тоҷик Абулқосим Унсурӣ мураттаб шудааст. Луғат аз 2 қисм иборат аст. Дар қисми асосии луғат калимаҳо аз рўйи чандомад – басомади истеъмоли онҳо ҷой дода шудаанд. Дар қисми дуюми он, ки калимаҳо аз рўйи тартиби алифбоӣ оварда мешаванд, саҳифаҳои истифодаи ҳар як калимаи дар луғат овардашуда сабт ёфтаанд.
Луғати имло. Луғате, ки тарзи навишти ба меъёри забони адабӣ даромадаи калимаҳои мавҷудаи забонро нишон медиҳад: «Луғати орфографӣ» (с. 1959), «Луғати имлои забони адабии тоҷик» (с.1974)-и Я.И.Калонтаров. Луғати охирини имло соли 1991 тартиб дода шудааст.
Мураттибони он Маниёзов А., Мирзоев А. Он қариб 30 ҳазор калима, таркиб ва ибораҳои забони тоҷикиро дар бар мегирад. Мураттибон дар мавридҳои ҷудогона гунаҳои гуногуни мустаъмал (чор//чаҳор, гунаҳ//гуноҳ), шаклҳои гуногуни талаффузи як калимаро низ овардаанд.
Гоҳо дар қавсайн маъноҳои ҷудогонаи калимаҳо низ зикр ёфтаанд,ки ба вазифаи луғати имло намедароянд.
Луғати калимаҳои ихтисоршуда (ихтисораҳо). Луғате,ки калимаҳои мураккаби кўтоҳкардашудаи амсоли СММ (Созмони милали муттаҳид), ДМТ (Донишгоҳи миллии Тоҷикистон)-ро дар бар мегирад. «Словарь русских и таджикских сокращений» (мураттиб С.Д.Холматова, 1979).
Луғати калимасозӣ. Луғате, ки сохтори калимасозии калимаҳои серистеъмоли ин ё он забонро нишон медиҳад. Забони адабии тоҷикӣ роҳҳои анъанавии таърихан ташаккулёфтаи калимасозӣ дорад ва ин тарзу усулҳои калимасозӣ дар тўли чандин садсолаҳо сайқал ёфта, устувор гардидаанд. Қолабҳои калимасозӣ баробари забони адабӣ инкишоф ёфтаанд ва ба ҳукми қонун даромадаанд: калимаҳои сода (решагӣ) бо воситаҳои калимасоз (пешванду пасвандҳо) калимаҳои сохта, калимаҳои

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо