Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

ғайр аз шарҳу эзоҳи маънои калима зикри маълумотҳои зайл ҷиҳати илмии онро тақвият мебахшад: а) сабаби омоним гардидани калимаҳо; б) маълумоти дастурӣ роҷеъ ба калимаҳо; в) хусусиятҳои услубии калимаҳои омонимӣ. Нахустин луғати омонимҳоро дар забоншиносии тоҷик Ш.Кабиров бо номи «Луғати омонимҳои забони тоҷикӣ» дар асоси маводи «Фарҳанги забони тоҷикӣ» таҳия намудааст (– Душанбе, 1992). Ин луғат инчунин маводи калимаҳои ҳамовози форсии классикиро низ дар бар гирифтааст. Аз ин рў, дар он чунин ҷуфтҳо, сегонаҳо ва чоргонаҳои омонимӣ низ ҷой дода шудаанд, ки дар забони адабии муосири тоҷикӣ дар истеъмол нестанд.
Луғати орфоэпӣ. Луғати орфоэпӣ қоидаҳо ва тарзи талаффузи дурусту эътирофшудаи калимаҳо ва шаклҳои дастурии онҳоро мураттаб ва пешниҳод менамояд. Вазифаи ин қабил луғатҳо тарзи саҳеҳ қироат кардан ва қолабҳою ҷойи задаи калимаҳоро муқаррару муайян кардан аст. Унсурҳои луғати орфоэпӣ дар луғатҳои имло ва тарҷумавӣ мушоҳида шаванд ҳам, то имрўз луғати орфоэпии забони тоҷикӣ омода нагардидааст.
Луғати осори адибон. Луғати осори адибон калимаю ибораҳои дар эҷодиёти ин ё он адиб истифодагардидаро дарбар мегирад ва онҳоро шарҳ медиҳад. Дар тафсир воҳидҳои луғавӣ одатан маъноҳое зикр мегардад, ки дар асари адиб бакор рафта бошад. Луғатҳои осори адибон аз рўи маводи тафсир ду навъ аст: 1. Луғати асари ҷудогонаи адиб. 2. Луғати эҷодиёти адиб. «Фарҳанги мухтасари «Шоҳнома» аз ҷумлаи луғати асари ҷудогона буда, мураттибони он бешаз 5 ҳазор калимаю ибораҳои «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсиро шарҳу эзоҳ додаанд. Дар таҳияи ин гуна луғатҳо хидмати Амон Нуров бузург аст. Ў осори Абўабдуллоҳи Рўдакӣ ваАбдураҳмони Ҷомиро таълиф ва бо номи «Фарҳанги ашъори Рўдакӣ»
ва «Фарҳанги осори Ҷомӣ омодаи чоп намудааст. Дар луғатҳои мавҷудаи луғатнигории муосир мутаносибан калимаҳои душворфаҳму ибораҳои хоси осори адибон тафсир ёфтаанд, ки шарҳҳо барои муайян намудани паҳлуҳо ва нозукиҳои забонӣ ва услубии он ёрӣ мерасонанд. Дар ин қабил

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо