Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

калимаҳои синонимии дигар вобаста ба қаробати маъно ба мафҳуми умумӣ (тоқат, бардошт, тамкин, тобоварӣ…) бо назардошти дараҷаи истеъмоли онҳо пасиҳам ҷой дода мешаванд. «Луғати синонимҳои забони тоҷикӣ»,-и маънидоди беш аз 380 силсилаи синонимии калимаҳои тоҷикиро дар бар гирифтааст. Ин луғат бори аввал соли 1975 нашр шуда буд. «Луғати мухтасари русӣ-тоҷикӣ ва тоҷикӣ-русии синонимҳо»-ро Капранов В.А., Николаев И.Л., Халилов А. нашр намудаанд, ки дар он мавқеи услубии аксари ҳалқаҳои силсилаҳои муродифҳои русию тоҷикӣ бо ишораҳо нишон дода шуда, барои собит намудани маъно ва мавқеъҳои истеъмолии ҳалқаҳои ҷудогонаи синонимии ҳар ду забон мисолҳои тасдиқкунанда оварда мешаванд (Душанбе, 1985).
Луғатҳои соҳавӣ. Дар луғатнигории тоҷик луғатҳои соҳавии зиёде нашр шудаанд. Аз ҷумла луғатҳои тиббӣ таърихи беш аз ҳазорсола дорад.
Луғатҳои соҳавии истилоҳоти адабиётшиносӣ, забоншиносӣ, географӣ, филососфӣ, соҳаи пахтакорӣ, физика, химия, геология ва амсоли инҳо нашр шудаанд: 1. Ҳусейнов Х., Шукурова К. Луғати терминҳои забоншиносӣ. – Душанбе: Маориф, 1989. – 255 с. Ин луғат бори нахуст системаи истилоҳоти мавҷудаи забоншиносии тоҷикро муқаррар ва онро то андозае ба пуррагӣ шарҳу эзоҳ дода, дар мавридҳои зарурӣ этимологияи онҳоро низ шарҳ медиҳад. Дар луғат барои муайян намудани моҳияти ҳаволаҳо, вариантҳо, ихтисорот системаи муайяни ишораҳои шартӣ ба кор бурда шудаанд. 2. Калонтаров Я.К., Капранов В.А. луғати мухтасари русӣ-тоҷикӣ ва тоҷикӣ-русии терминҳои забоншиносӣ. – Душанбе: Дониш, 1974. – 95 с. Дар ин луғати ҳаҷман хурд истилоҳоти забоншиносие оварда шудаанд, ки дар китобҳои дарсию осори илмии марбути забоншиносии тоҷик истифода шудаанд. Дар қисми аввали луғат истилоҳоти забоншиносии русӣ бо мувозиҳои тоҷикиашон, дар қисми дуюм истилоҳоти тоҷикӣ бо мувозиҳои русиашон бидуни тафсиру эзоҳдиҳӣ ҷой дода шудаанд. 3. Рустамов М. Таджикская грамматическая терминология. – Душанбе. Дониш, 1972. – 124 с. Ин луғат 1375 истилоҳи

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо