Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

таҳсилоти умумӣ ва донишҷўёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудаанд.
Масалан, «Луғати мухтасари тоҷикӣ-русӣ» (мураттиб Я.И.Калонтаров, - М., 1955), «Луғати мухтасари тоҷикӣ-англисӣ» (мураттиб Г.Б.Баракаева, Душанбе, 1968). Одатан дар луғати тарҷумавӣ ҳамчун асос мундариҷаи калимаҳои забони тарҷумашаванда ба эътибор гирифта шуда, системаи маъноии забони дуюм онро ба қадри имкон акс мекунад. Аксар маънои асосии калимаҳои забони тарҷумашаванда бо ҳамин гуна маънои муодили забони дуюм баробар меояд. Масалан, калимаи русии вода дорои маъноҳои зайл аст: 1. «моеи табии беранги нўшиданӣ»: питьевая вода. 2. «чашмаҳои шифо»: минеральные воды. 3. «дарё»: ехать по воде. 4.
«обхонаҳо»: леса и воды. 5. «ҳарза, беҳудагўӣ»: в докладе много воды.
Луғати тоҷикӣ ба англисӣ. «Луғати мухтасари тоҷикӣ-англисӣ», ки мураттиби он М.Б.Баракаева аст, дар ду ҷилд (Душанбе, 1968) ба табъ расидааст. Ин луғат 10 ҳазор воҳиди луғавии тоҷикиро ба англисӣ шарҳ медиҳад. Муҳаррири он А.Е. Бертелс аст. Луғати англисӣ ба тоҷикӣ.
Муаллифи чунин маълумотнома, ки «Луғати хурди англисӣ-тоҷикӣ» ном дорад, М.Б. Шаҳобова аст (Душанбе, 1972). Луғати франсавӣ ба тоҷикӣ, ки он ҳамагӣ 8 ҳазор калимаи забони франсавиро ба тоҷикӣ шарҳ медиҳад. Баъд аз роҳандозии технологияи компютери луғатҳои электрони маъмулу мустаъмал гардидаанд, ки таваҷҷуҳи мутахассисону ниёзмандон ба чунин лугатҳои хеле афзудааст.
Луғати тафсирӣ. Дар луғатҳои тафсирӣ захираи пурғановати калимаҳои таркиби луғавии забонҳои миллӣ гирд оварда мешаванд.
Луғати тафсирӣ маънои калима ва баъзан таркибу ибораҳоро шарҳ медиҳад ва тобишу ҷилоҳои маъноии онҳоро нишон дода, мавқеъ ва мавридҳои истифодаашонро бо санадҳо – мисолҳо аз осори адибон тақвият мебахшад. Луғатҳои бузургҳаҷми муосир тақрибан сад – садупанҷоҳ ҳазор калимаҳоро дарбар гирифтаанд. Масалан, «Луғати тафсирии забони зиндаи рус»-и Владимир Дал зиёда аз 200 ҳазор, «Луғати бузурги англисӣ» бошад, бештар аз 400 ҳазор калимаҳоро ҷой додаанд.
Дар луғатҳои тафсирӣ чун анъана баъд аз сабти маъноҳои асосию

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо