Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

муаррифӣ мекунанд, зеро ў проблемаи онтологияи забонро чун системаи семиотикӣ ворид намуд.
Мактаби лингвистии Қазон. Дар охирҳои асри XIX дар Россия ду мактаби забоншиносӣ вуҷуд дошт, ки яке аз он мактаби лингвистии Қазон буд. Ин мактаб бо номи забоншиноси машҳур Бодуэн де Куртене (1845- 1929) сахт алоқаманд мебошад. Ақидаҳои ў дар асарҳои «Баъзе мулоҳизаҳои умумӣ роҷеъ ба забоншиносӣ ва забон» (1871), «Таҷрибаи назариявии ҷойивазкунии фонетикӣ» (1895), «Лингвистика асри XIX»
(1901), «Қоидаҳои лингвистӣ ва афоризмҳо» (1903), «Муқаддимаи забоншиносӣ» (1917) инъикос ёфтаанд. Бодуэн де Куртене дар забоншиносӣ истилоҳҳои амсоли фонема, морфема, морфологизатсия, семасиологизатсия, синтагма, лексема, графемаро ворид намуд.
Муҳимтарин ақидаҳои ў ба тариқи зайл аст: а) тафовути овозу ҳарфро тақозо менамуд; б) бартарии маводи забонҳои зиндаро нисбат ба далелҳои забонҳои қадимаи хаттӣ таъкид менамуд; в) фарқ кардани синхрония (ҳамзамонӣ) ва диахрония (дарзамонӣ) замонро талаб мекард.
Ин масъала баъдтар асоси консепсияи Соссюр мегардад; г) бар хилофи ақидаи Шлейхер организм набудани забонро таъкид намуда, зикр намудааст, ки забон организм нест. Аз ин рў, онро аз инсон набояд ҷудо омўхт. Ў дар таълифоташ ҷиҳати равонию иҷтимоии забонро ба эътибор мегирифт. Д) Бодуэн забонро чун системаи муайян медонист. Ў нахустин забоншиносест, ки овозу фонемаро ҳамчун падидаи физикаи функсионалӣ фарқ мекард.
Мактаби лингвистии Москва. Филипп Федорович Фортунатов (1848-1914) асосгузори мактаби лингвистии Москва буд. Доираи тадқиқоти ин забоншиноси маъруф хеле васеъ буд. Ў дар баррасии масъалаҳои марбути фонетика ва морфологияи забонҳои ҳиндуаврупоӣ ҳамчун мутахассиси варзида эътироф шудааст. Мактаби забоншиносии Москва бо сарварии ин олим дар сарҳади ду аср дар миқёси забоншиносии ҷаҳон ва рус мавқеи пешоҳангиро ишғол мекард. Забоншиносони шинохта Шахматов А.А., Поржезинский В.К., Ушаков Д.Н., Пешковский

пешина
аз 389
навбатӣ