Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

забоншиносӣ устувор сохт, ки ин вижагиҳои структуралӣ (сохторӣ) ва вижагиҳои функсионалӣ (корбурдӣ) дар забон ба шумор мерафт. Ба назари мактаби мазкур забон бо назардошти ин ду вижагӣ метавонад ба таври мукаллма таҳқиқ ва омўхта шавад. Солҳои ахир саҳми забоншиносии Прага дар рушди забоншиносии компютерӣ ва забоншиносии пайкаравӣ (корпускалӣ) мақоми беназирро касб намууд, ки ҳоло муҳаққиқони ин самти пажўҳиш аз тамоми кишварҳои пешрафта дар асоси фарзияҳои илмии онҳо пажўҳишҳои худро пеш бурда истодаанд.
Мактаби сотсиологии фаронсавӣ – ҷараёну равияи дар забоншиносии фаронсавӣ, ки забонро, пеш аз ҳама ҳамчун падидаи ҷамъиятӣ шарҳ медиҳад. Чунин муносибат ба забон дар ақидаҳои Д.Дидро, Ж.Ж.Руссо, М.Бреал ба назар мерасад. Ин мактаб дар оғози асри ХХ дар Париж ба вуҷуд омад, ки шогирдони Антуан Мейеро муттаҳид менамуд.
Мактаби фонологии Ленинград – самти илмии таҳқиқи сатҳи овозии забон. Асосгузори ин мактаб Л.В.Щерба (пайрави И.А.Бодуэн де Куртенэ, шогирдони ў чун С.И. Бернштейн, Л.Р. Зиндер, М.И. Матусевич.
Соли 1912 Щерба фонемаро ҳамчун воҳиде, ки қобилияти фарк кардани калима ва шаклҳои онро дорад, таъриф намуд. Ў вобастагии таҷзияи ҷараёни нутқро ба овозҳои ҷудогона ва таҷзияи морфологиро таъкид намуд (дар калимаҳои «бы-л», «засну-л», «он-а», «был-а» фонемаҳои дар интиҳои калима омада (л, а) ба туфайли марзаи морфологӣ ҷудо карда мешаванд. Аз рўйи маводи забони тоҷикӣ низ ин гуна таҷзияро мушоҳида кардан мумкин аст: китоб-и ман, панҷ-а, даст-а, пой-а. Дар ин маврид мавҷудияти робитаи морфема ва фонема ба мушоҳида мерасад. Дар нимаи дуюми асри ХХ дар заминаи мактаби фонологии Ленинград (МФЛ) проблемаҳои амсоли таҷзия (сегментатсия) ва муттаҳид кардани тобишҳои як фонема, муайян намудани таркиби фонологии калима, тафсири фонологии падидаҳои овозӣ дар забонҳои сохти ҳиҷоӣ, мақоми забоншиносӣ ва вобастагию робитаи тарафайни аломатҳои фарқкунанда фонемаҳо.

пешина
аз 389
навбатӣ