Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

бар ин, дар тадқиқи маводи ономастикӣ аз роҳу воситаҳои гуногун истифода мешаванд. Усули ҳудудӣ (ареалӣ) – таъин ва муқаррарнамои ҳудуди падидаи ономастики мазкур ҷиҳати таҳлили муқоисавӣ одатан дар ин маврид аз нақшагирии ин падида ва ё хусусияти ономастикӣ истифода шуда, харитаи топонимӣ ё навъи дигари харита сохта мешаванд. Аз ҷумла, аз усулҳои генетикӣ, тасвирӣ (дискриптивӣ) – тасвири тадриҷии исми хос ва падидаҳои ономастики минтақа, ҳудуд ва ё ёдгории хаттии тадқиқ мебошад. Усулҳои нақшагирӣ, чиннигорӣ (стратиграфӣ), типологӣ ва усули этимологӣ.
Методҳои сохторӣ (структурӣ). Ин метод дар инкишофи забоншиносии солҳои ХХ-и асри XIX дигаргунии куллӣ ба вуҷуд овард, ки бо осори Ф. де Сосюр ва И.А.Бодуэн де Куртенэ алоқаманд аст.
Муқаррароти методҳои сохторӣ: 1) воқеияти воқеъбинона на фактҳои ҷудогонаи (морфема, овоз, ҷумла…) ин ё он забон, балки забон ҳамчун система мебошад; система аз унсурҳо иборат нест, баръакс, онҳоро муайян мекунад: ҳар як унсур ба эътибори муносибати он ба унсурҳои дигар дар таркиби система вуҷуд дорад. 2) асосу бандубасти системаро муносибатҳои ғайризамонӣ ба вуҷуд меоранд, муносибат аз таърихи система бартарӣ дорад. Муносибати тазоди унсурҳои берун аз матн асосист ва муносибати тартиби ҳамдигарӣ, дистрибутсияи унсурҳова дар матн низ ҳамчунин. 3) Баъзе системаҳои дигар мисли забон созмон ёфтаанд: эҷодиёти шифоҳии халқ (фольклор), расму одат, маросимҳо ва муносибатҳои хешутаборӣ. Забоншиносӣ омўзиши онҳо ва забонро дар семиотика ба ҳам мепайвандад. Методҳои сохторӣ дар мактабҳои гуногуни структурализм дар се ҷараён инкишоф ёфтааст. Структурализми шарқию аврупоӣ (Мактаби забоншиносии Прага) мафҳуми оппозитсия (тазод)-ро аввал дар фонология, баъдтар дар соҳаҳои дигари забон, бештар дар морфология семантика ҷорӣ намуд. Маҳфили забоншиносии Копенгаген таълимоти муносибатҳои алгебраивиро дар забон тарҳрезӣ намуд. Забоншиносии дескрипивӣ мафҳуми дистребутсияро ҷорӣ намуд

пешина
аз 389
навбатӣ