Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

онҳоро мушоҳида кардан мумкин аст: «ҷон бахшидан» бо маъноҳои 1) ба касе (ба чизе) ҷон даровардан, касе ё чизеро бақувват кардан ва 2) мурдан, вафот кардан дар истеъмол аст. Дар таркиби воҳидҳои фразеологии гуногуни антонимӣ калимаҳои зидмаъно ва воситаҳои грамматикии антонимиро мушоҳида мекунем. Чунончи, ифодаи «дили васеъ» ва «дили танг», «аз по афтодан» ва «ба по хестан» маҳз дар заминаи антонимҳои лексикӣ муқобилмаъно шудаанд. Воҳидҳои фразеологии сермаъно, одатан, бо ҳар як маънои ҷудогонаи худ бо фразеологизмҳои дигар муносибати антонимӣ пайдо карда метавонанд. Масалан, ибораи «аз даст додан», ки бо маъноҳои: 1) гум кардан (вақтро аз даст додан), 2) бой додан, бохтан, 3) талаф додан, 4) гурезондан дар истеъмол аст, бо семантикаи якуми худ бо ибораи «ба даст овардан», бо маънои дуюм бо «ба даст даровардан», бо маънои сеюмаш бо «ба даст гирифтан» ва бо маънои чорумаш бо «ба даст афтидан» муносибати антонимӣ дошта метавонад.
Антонимҳо (аз юн. anti – зид + onyna – ном). Калимаҳое, ки маъноҳои ба ҳам зид доранд. Бунёди антонимҳоро мавҷудияти аломати сифатие ташкил мекунад, ки каму зиёд буда метавонад: хурд – калон, наздик – дур, гарм – хунук, дўст – душман. Антонимия чун падидаи сермаъноӣ (полисемия) ва синонимия тамоми сатҳҳои забонро дар бар мегирад. Аз ин рў, ба ҷуз антонимияи луғавӣ ё худ антонимҳо боз антонимҳои фразеологӣ, морфологӣ, синтаксисиро ҷудо кардаанд. Ҷиҳати муҳими калимаҳои зидмаъно сохтори онҳост. Калимаҳои антонимӣ дар доираи як гурўҳи луғавию дастурии калимаҳо вуҷуд доранд, яъне мансуби як ҳиссаи нутқанд: сифат бо сифат: дароз – кўтоҳ, гарм – хунук; феъл бо феъл:
рафтан – омадан, гирифтан – додан. Калимаҳои зидмаъно бо сохтори сарфии худ низ дар бисёр мавридҳо бо ҳам мувофиқанд: шаб – рўз, мард – зан (калимаҳои сода); шабона – рўзона, тобистон – зимистон (калимаҳои сохта); хурдсол – калонсол, пирамард – пиразан (калимаҳои мураккаб).
Гурўҳи муайяни антонимҳо ҷуфтистеъмоланд: зеру забар, обу оташ, буду набуд, доду гирифт. Вожашиносон (аз ҷумла профессор Ҳ.Маҷидов)

пешина
аз 389
навбатӣ