Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Аз нигоҳи илмӣ метавон муътақид буд, ки истилоҳ худ дар марҳилаи ниҳоии пажўҳиш ташаккул меёбад ва барои ифодаи мафҳуми нави илмӣ дар кори таҳқиқии минбаъда роиҷ мегардад. Аз ин нигоҳ ташаккулу таҳаввули истилоҳ дар ҳар як соҳаи илм як далолате ба пешрафти он соҳа, ба кўшиш ва кушоишҳои нави илмӣ ишорат мекунад, зеро чун кушоиш ҳамоно номи он навоварӣ ва номи он мафҳуми нави илмӣ тавассути истилоҳи муайяне ифода мегардад. Аммо ҳолатҳое низ мешавад, ки муҳаққиқ бо маҷмўи истилоҳоте кори илмии худро пеш мебарад, ки дар бораи баъзе аз ин истилоҳот ба таври зарурӣ иттилоот надорад ва дар масъалаи ҷудогона доир ба ин ё он истилоҳи корбурдааш ихтилофу мавҳумоте дида мешавад.
Ин тарзи корбурди истилоҳоти илмӣ маъмул аст ва яқин аст, ки бештари муҳаққиқон ҳангоми пажўҳишҳои минбаъда харҷи бештару беҳтар ба низоми истилоҳоти илмӣ балад мешаванд ва гоҳо метавонанд, ки ба пахлўҳои гуногуни номакшуфи истилоҳоти муайян рўшанӣ андозанд ва мазмуну мундариҷаи он мафҳумро низ такмил диханд. Маҳз дар ҳамин маворид истифодаи луғатҳои истилоҳоти илмӣ барои пажўҳишгар басо муҳиму зарурӣ буда, як заминаи асосии комёбиҳои илмӣ хоҳанд шуд. Бо ҳамин роҳ низоми истилоҳоти илмӣ дар ҳар самт барои рушд ва густариши худ мусоидат менамояд ва муҳаққиқон бо истифода аз низоми истилоҳоти илмӣ онро боз ҳам такмил ва пурра мекунанд, ки чунин тарзи кор бо низоми истилоҳоти илмӣ барои рушди соҳаи муайяни илм бештару беҳтар мусоидат хоҳад кард.
Аз нимаи дуюми садаи бистум дар илми забоншиносӣ истилоҳу мафҳумҳои таксономияи лингвистӣ ва метатаксономияи лингвистӣ роиҷ гардид, ки тибқи он таснифоти муайяни низоми забон чи дар сатҳи лингвистика ва чи дар сатҳи металингвистика, аз ҷумла дар низоми истилохоти илмӣ ба назар гирифта мешавад. Бинобар ин таҳия ва тафсиру тавзеҳоти истилоҳоти илмӣ низ дар илми забоншиносӣ бояд тибқи таксономияи (таснифот, зинабандӣ) махсус ба роҳ монда шавад. Чунон ки луғатшинос ва забоншиносӣ маъруфи собиқ шўравӣ О.С. Ахманова қайд мекунад, дар бораи чунин таснифоти истилоҳоти илмии забоншиносӣ дар анҷумани 9-уми ҷаҳонии забоншиносон андешаҳои ҷолиб ва арзишманд баён гардида буд.
Чунин тарзи пешбурди кор барои пажўҳишгарони илми забоншиносӣ кори таҳқиқу омўзишро боз ҳам мураттабу муназзам хоҳад кард ва барои онҳо имконоти беҳтар азхуд намудану истифода кардани забони илмӣ ва ё худ метазабонро фароҳам меорад. Барои беҳтару комилтар намудани низоми истилоҳоти забоншиносӣ мутахассисони соҳа дар мавридҳои ҷудогона истилоҳоти муайянро аз соҳаҳои дигар аз қабили риёзиёт, физика ва мисоли ин иқтибос намуда, ба низоми истилоҳоти илмии забоншиносӣ мутобиқ менамоянд. Ин, албатта як раванди воқеии даврони муосир аст, ки махсусан илми забоншиносӣ дар ҳамбастагӣ бо улуми иҷтимоӣ ва дақиқ ба риштаҳо ва самтҳои нави илм заминаҳои устувор гузошта истодааст.
Масъалаи дигар ин аст, ки ҳамакнун баъзе аз ин гурўҳи истилоҳот хусусияти байнисоҳавӣ касб карда бошанд ҳам, ба таври басо мувофиқ мафҳумҳо ва равандҳои ҷудогонаи илмиро хеле хуб инъикос намудаанд. Масъалаи дигари муҳим ифодаи онҳо дар луғатҳо ва фарҳангҳои истилоҳоти соҳавӣ аст, ки ин имкони истифодаи дурусти ин гурўҳи истилоҳотро беҳтар менамояд. Дар ин миён, ба назар равшан менамояд аст, ки нақши луғатҳои истилоҳоти илмӣ ва махсусан тавзеҳу ташреҳи дурусти илмии онҳо аз вазифаҳои муҳиму саривақтии мутахассисони соҳа ба шумор меравад. Илова бар ин таснифоти самт ба самти истилохот тибқи низоми метатаксономия ва бо нишон додани робитахои маъноиву мантиқӣ ва системавию корбурдии истилоҳоти илмӣ сифати корро боз ҳам болотар мебарад ва барои рушди ҳам илми забоншиносӣ ва ҳам низоми истилохот мусоидат менамояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё