Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

ҷо гирифтааст. Ин ибора дар байни халқ ба маънои маҷозӣ низ машҳур аст: шахсеро, ки пинҳонӣ ба касе ё ҷамоае зарар мерасонад, бо кароҳат тавассути ҳамин таъбир мазаммат мекунанд. Воҳидҳои фразеологӣ мисли калимаҳо услубан аз якдигар фарқ мекунанд. Онҳоро аз рўйи соҳаи истеъмол ва хосияти таъсирбахшию эҳсосӣ ба ду гурўҳ ҷудо мекунанд: а) воҳидҳои фразеологие, ки тобиши муассир ва эҳсосӣ надоранд. Яъне онҳо аз хосияти образнокӣ ва баҳодиҳӣ маҳруманд ва дар ҳамаи услубҳои нутқ истифода мешаванд: даст мондан (имзо кардан), роҳи оҳан, қафаси сина; б) воҳидҳои фразеологие, ки дорои хусусияти муассир ва эҳсосианд. Ин навъи фразеологизмҳо аз муодилҳои калимагии худ бо образнокӣ фарқ мекунанд: гурехтан – думро хода кардан, хўрдан – ба таги бинӣ задан, хушомад кардан – патаку пайтоба шудан.
Услубиёти ибораҳо. Ибораҳо воҳиди муҳимми синтаксисӣ буда, аз калимаҳои мустақилмаъно таркиб меёбанд ва дар забон барои пурра ва мукаммалтар ифода кардани фикр хизмат мекунанд. Аз ҷиҳати сохт, тарзу воситаҳои алоқаи калимаҳо, аз рўи муносибатҳои маъноию грамматикии ҷузъҳо дар забон навъҳои гуногуни ибора мавҷуданд, ки баъзеи онҳо дар ифодаи баъзе мафҳумҳо хусусияти синонимӣ зоҳир мекунанд. Чунончи: 1.
Ду сол подабонии қишлоқро кардан, мардикории дусола дар Кўлоб ва се сол дар дари як бой панҷяккорӣ карда истодан ба ў аз китоби қомуси зиндагӣ хуб сабақ дода буд. 2. Ду сол подабонӣ дар қишлоқ, мардикории дусола дар Кўлоб ва се сол панҷяккорӣ дар дари бо ба ў аз қомуси зиндагӣ хуб сабақ дода буд (Ҳ.К.). Дар мисолҳои боло ибораҳои «ду сол подабонии қишлоқро кардан» ва «ду сол подабонӣ дар қишлоқ» як мафҳумро бо ду роҳ: ибораи масдарӣ ва ибораи номӣ ифода кардаанд.
Дар натиҷаи тағйир додани ҷои компонентҳои ибора тарзҳои гуногуни ифода ба миён меояд: аскари сурхро надидагӣ одам – одами аскари сурхро надидагӣ. Ибораҳо бо тарзҳои дигари ифода низ хусусияти ҳаммаъноӣ пайдо карда метавонанд: Гулбибиро мо намегўем, ки аз дебо қабо, аз катон пироҳан, аз зарбофт камзўл, аз махмал калтача, аз фарангӣ сарбанд, аз дурру марворид овеза ва гарданбанд, аз зари холис дастпона ва аз алмос

пешина
аз 389
навбатӣ