Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

ангуштарин дошт (С.А.). Дар ин ҷо мафҳумҳои «аз дебо қабо, аз катон пироҳан, аз зарбофт камзўл, аз махмал калтача, аз фарангӣ сарбанд, аз дурру марворид овеза ва гарданбанд, аз зари холис дастпона ва аз алмос ангуштарин»-ро бо ибораҳои номии «камзўли зарбофӣ», «сарбанди фарангӣ», «овеза ва гарданбанди дурру марворид» ҳам ифода кардан мумкин аст.
Услубиёти ифодаҳои маҷозӣ. Ифодаҳои маҷозӣ яке аз воситаҳои таъсирбахши забон ба шумор мераванд. Дар матн калимае аз доираи муқаррарии истеъмолаш баромада, бо калимаҳои дигаре таносуби маъноӣ пайдо мекунад, дар натиҷа ифодаи маҷозӣ пайдо мешавад.
Чунончи, калимаи даст дар таркиби ибораҳои дасти падарам, дасти бақувват, дасти нозук бо калимаҳои падарам, бақувват ва нозук таносуби маъноӣ дорад, аммо дар таркиби дасти аҷал маҷозан кор фармуда шудааст. Ифодаҳои маҷозӣ дар забони тоҷикӣ дар асоси монандии зоҳирӣ ё ботинӣ, зинда тасвир намудани ашёҳо, бо ёрии санъатҳои ташбеҳ, истиора, ташхис, муболиға ва ғ. ба вуҷуд меоянд. Дар ташаккули ифодаҳои маҷозӣ баъзе аломатҳои морфологии ҳиссаҳои ҷудогонаи нутқ нақши муҳим доранд. Дар натиҷаи ба исмҳои ҷондор, узвҳои бадани инсон алоқаманд намудани исмҳои беҷон (гули ҳаётам – фарзанд) ва бо ҳам пайвастани исмҳои конкрету абстракт (чанголи марг, аспи ҷаҳл) ифодаҳои маҷозии исм ба вуҷуд меоянд. Ифодаҳои маҷозии сифат дар натиҷаи ба предметҳои беҷон нисбат додани аломат, хислат, характер ва сифатҳои маънавии шахс (мавҷҳои сармаст, наҳри девона) ва ё ба исмҳои маънӣ нисбат додани аломати предметҳои конкрет (ҳақиқати талх, толеи сиёҳ) ба вуҷуд меоянд. Дар ифодаи маҷозии феъл, ҳолат, вазъият, рафтор, кирдор ва амалиёти гуногуни инсон ба предметҳои беҷон ва ё исмҳои маънӣ нисбат дода мешаванд: Бориш ноз мекард; Ситораи субҳ мезавқид; Чароғ зихна буд; Як бех офтобпарасти худрўй… Қоматашро рост намуда, осмонро бўсиданӣ мешуд (Ҳ.К.).
Услубиёти калимаҳои шевагӣ. Калимаҳои шевагӣ на дар ҳамаи шохаҳои услубиёти забони адабӣ истифода мешаванд. Онҳо хоси услуби

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор