Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

менагирам-намегирам, барнаёмад-набаромад. Феълҳои сохтаи барчидан, баркандан, дардодан, даргузаштан… бештар дар услуби забони хаттӣ дучор меоянд. Ба воситаи пасвандҳои -идан, -ондан сохтани феълҳо низ дар забони муосири тоҷикӣ чандон маъмул нест. Аз ин рў феълҳои гаравидан, палавидан, мураббидан, эътирофидан, софидан (Савдо), шалҳидан (Айнӣ), хамидан, шиноваридан (Ҳ.Карим) танҳо дар забони асарҳои онҳо истифода шудаанд.
Услубиёти фонетикӣ. Услубиёте, ки ҳусн ва назокати овозҳои нутқро меомўзад. Ин шохаи услубиёт зимни таҳлили сохтори овозҳои нутқ муқаррар менамояд, ки ифодаи овозии фикр чӣ тавр равон, муносиб ва таъсирбахш воқеъ мегардад ва чӣ падидаҳое ҳастанд,ки барои тазоҳури он халал мерасонанд. Нутқи овозӣ шакли асосии мавҷудияти забон буда, ҳатто замоне ки матн бидуни талаффуз қироат мешавад, аз ҳар калима, ҳар ибора ва ҳар ҷумла савти муайяне эҳсос мешавад. Тобишу ҷилоҳои оҳанги нутқ хоса дар услуби бадеӣ хеле равшан ва ҳамаҷониба падид меояд. Аз ин рў, шакли ифодаи овозии нутқ на фақат дар гуфтор, балки дар навиштор низ барои таъмини ҳусни калом дорои аҳамияти азимест.
Воситаҳои фонетики нутқ (овозҳо, ҳиҷо, зада, оҳанг) ҳам монанди унсурҳои дигар баробари воқеъ шудан ба тариқи мўътадил, яъне таъмини иртиботи муқаррарӣ, дар мавридҳои ҷудогона вазифаҳои гуногуни услубиро адо мекунанд. Услубиёти пайвасти овозҳо. Дар забони тоҷикӣ ва дигар забонҳо ду навъи овоз мавҷуд аст: садонокҳо ва ҳамсадоҳо.
Услубиёти фонетикӣ маҳз пайвасти ин овозҳоро ҳангоми алоқамандии калимаҳо дар ҷумла омўхта, тақозо менамояд, ки онҳо бояд тарзе бо ҳам пайваст гарданд, ки дар қироат ва талаффуз монеа ё гароние пеш наояд.
Пайвасти овозҳо ба дарки ҳусни онҳо, ки дорои қоидаҳои анъанавист, марбут аст. Дар забони тоҷикӣ оҳанги асилу табиӣ дар нутқ аз табдили овозҳои ҳамсадо ва садонок, ки бештар ҳампаҳлу воқеъ мегарданд, шакл мегирад: доно, тоза, тозарў, тозанажод, печон, пешин, пеша. Паиҳам омадани ду ҳамсадо дар аввали калима, ки дар баъзе забонҳо (русӣ, англисӣ, фаронсавӣ) мушоҳида мешавад, барои забони тоҷикӣ бегона аст.

пешина
аз 389
навбатӣ