Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Пайвасти ҳамсадоҳо дар забони тоҷикӣ (дар интиҳо (санг, панд) ва дар васлгоҳи ҷузъҳои калимаҳои сохтаю мураккаб (сохтмон, сангпушт)падид меояд. Дар забони тоҷикӣ муносибатҳои нисбат ба амал доштаи гўянда ба воситаи сиғаҳои хабарӣ, амрӣ,шартӣ-хоҳишмандӣ, эҳтимолӣ ва нақлӣ ифода мегардад. Феълҳои забони тоҷикӣ ба давомнокӣ ва мутлақияти амал низ далолат мекунанд. Дар забони китобӣ бо пешванди би- ифода гардидани намуди мутлақ ва бо пешванди ме- ва феъли ёридиҳандаи истодан ифода шудани амали давомнок характернок бошад, дар услуби гуфтугўӣ бештар бо феълҳои ёридиҳандаи мондан, рафтан, баромадан, гирифтан, додан, фиристодан, гаштан намуди давомнок ифода меёбад.
Услубиёти ҷонишин. Ҷонишинҳо ба ҷои калима, таркиб, ибора ва ҳатто порчаҳои яклухти нутқ омада, баёни фикр ва дарки матлабро осон мекунанд, гўяндаро аз такрори калимаю ифодаҳо бозмедоранд ва дар забон чун воситаи саҳеҳу мўҷаз ифода кардани фикр хизмат мекунанд.
Ҷонишини ман дар нутқ такроран омада, худписандӣ, манманӣ барин хислати бади шахсро ошкор менамояд: Шумо маро буздил, аблаҳ гумон накунед, ифлосҳо! Ман хўҷаин, ман амалдор, ман жандарм, ман политсия, ман поп, ман эшону мулло ҳам мебошам! Пул ҳамаи мушкилҳоро осон, ҳамаи душманонро мағлуб, ҳамаи муроду мақсадро ҳосил мекунад. Ман пул дорам, аҳмақҳо, пул: Ман метавонам ҳамаатонро бадарға кунонам (Р.Ҷ.). Ҷонишинҳо вазифаҳои зиёди услубиро адо мекунанд,ки бештар дар забони зиндаи гуфтугўӣ равшантар зоҳир мегардад.
Услубиёти ҷумлаҳои мураккаб. Ҷумлаҳои мураккаб дар ифодаи мукаммали фикр, ҳарҷониба кушода додани моҳияти воқеаю ҳодисаҳои печ дар печи ҳаёт омили муҳимтарини забон ба шумор мераванд. Забони тоҷикӣ дорои қолабҳои гуногуни синтаксисист, ки нависанда ё гўянда аз рўи тақозою талаботи фикру услуби забон яке аз онҳоро интихоб мекунад.
Чунин қолабҳо як фикрро ифода намуда, аз ҷиҳати тобиши маъноӣ ва вижагию хусусиятҳои услубиашон аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Чунончи, бо ёрии тағйири ҷои аъзо ва тарзи алоқаи ҷумлаҳо як мазмунро бо роҳҳои зерин ифода кардан мумкин аст: Додобой саркор ба колхоз омаду кишту

пешина
аз 389
навбатӣ