Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

кори пахта беҳтар шуд. Додобой саркор ба колхоз омада буд, ки кишту кори пахта беҳтар шуд. Додобой саркор ки ба колхоз омад, киштукори пахта беҳтар шуд. Киштукори пахта беҳтар шуд, чунки Додобой саркор ба колхоз омад. Қисми зиёди ҷумлаҳои пайравро ба ибораҳои масдарӣ ё сифати феълӣ баргардонида, фикрро дар қолаби ҷумлаҳои сода ҳам ифода кардан мумкин аст: Додобой саркор ба колхоз омадан замон киштукори пахта беҳтар шуд. Дараҷаи кор фармудани ҷумлаҳои мураккаб дар услубҳои гуногуни забон як хел нест. Дар услуби гуфтугўӣ ҷумлаҳои мураккаб камтар истифода мешаванд. Дар забони зинда баъзе ҷузъҳои ҷумлаи мураккаб ихтисор шуда, хеле кўтоҳу мўҷаз мегарданд: Имшаб то вақти азон дар ҳамон ҷо мешаванд. Хоҳед, меравем (Ҳ.К.). Ҷумлаи дуюм ҷумлаи мураккаби тобеъ буда, шакли пуррааш «Агар шумо хоҳед, ҳозир ҳамроҳ меравем» аст. Дар услуби илмӣ ҳамаи навъҳои ҷумлаҳои мураккаб истифода мешаванд. Дар услуби бадеӣ дараҷаи кор фармудани ҷумлаҳои мураккаб ба талаботи жанрҳои гуногуни адабиёт низ вобаста аст. Дар кор фармудани ҷумлаҳои мураккаб баъзан ба ғалатҳои услубӣ роҳ дода мешавад. Чунончи, дар натиҷаи аз ҳад зиёд тафсил додани таркиби ҷумлаҳои мураккаб фикр норавшан ва муғлақ ифода меёбад. Як фикрро дар ду қолаби синтаксисӣ: ҷумлаи содаву мураккаб ифода кардан яке аз хусусиятҳои муҳими услуби бадеист: Шаби баҳор буд. Осмонро чодири абрин гирифта буд. Шаби баҳор бошад ҳам, осмон чодири абрин гирифта буд.
Услубиёти ҷумлаҳои сода. Аз рўи ифодаи муносибати гўянда нисбат ба амал ва воқеият чунин қолабҳои ба ҳам наздики ҷумлаҳои содаро дидан мумкин аст: 1. Дар забони имрўзаи тоҷик чунин ҷумлаҳои сода дучор меоянд, ки фикр дар онҳо ба тарзи инкор ифода ёфта бошад ҳам, асли мақсад тасдиқи амалу ҳолат ва аломат дар ҷумла зикр ёфта аст: Бале, ман имрўз ба қишлоқ, пеши модарам нарафта наметавонам. – Бале, ман бояд имрўз ба қишлоқ, пеши модарам биравам (Ҳ.К.). Дар ҳар ду ҷумла ҳам мақсад ифода шудааст. Дар ҷумлаи аввал дар шакли манфӣ овардани феъл «нарафта натавонистан» ба он далолат мекунад, ки амал бояд иҷро

пешина
аз 389
навбатӣ