Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

ҳамдигар хеле наздик шуда, хусусияти синонимӣ пайдо мекунанд:
пешвандҳои бо-, ба-: боақл-баақл, боинсоф-баинсоф; пешвандҳои бе- ва но-: бетоб-нотоб, беором-ноором; пешванҳои бо-, ба- ва пасванди -манд:
бохирад-хирадманд, бадавлат-давлатманд.
Услубшиносӣ, як шохаи филология, ки системаи услубҳои забон ва қонунияти истифодаи воситаҳои баёнро меомўзад. Услубшиносӣ бо грамматикаи нормативӣ, вожашиносӣ, фразеология, орфоэпия робитаи қавӣ дорад, вале аз ҷиҳати вазифа ва услуби тадқиқ аз онҳо фарқ мекунад.
Услубшиносӣ аҳамияти амалӣ дорад: вай маҳорати суханвариро омўзонда, ба забон оқилона муносибат кардани аҳли ҷамъиятро талқин менамояд. Мавзўи баҳси услубшиносӣ забон ва нутқ буда, ба масъалаи «забон ва ҷамъият» ва проблемаи сотсиолингвистика (забоншиносии иҷтимоӣ) бештар тамоюл дорад. Таҳқиқи меъёрҳои услубии забони адабӣ дар давраҳои гуногуни инкишофи таърихии он вазифаи услубшиносии таърихист. Дар он таърихи системаи услубҳо, ташаккул ва инкишофи услубҳои гуногуни забон ва таърихи таъхири мутақобили онҳо муайян мешавад. Услубшиносӣ ба се шохаи ба ҳам наздик – услуби забон, услуби нутқ ва услуби адабиёти бадеӣ тақсим мешавад. Услуби забон услубҳои функсионалӣ – услуби гуфтугўӣ, илмӣ, расмии коргузорӣ, публисистиро дар бар мегирад.

пешина
аз 389
навбатӣ