Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Ф
Факки изофат, аз ибораҳои исмии изофӣ афтидани изофатро гўянд, ки ба ин васила калимаҳои мураккаб сохта мешаванд. Масалан, падари арўс – падарарўс, сари чашма – сарчашма, соҳиби ҳунар – соҳибҳунар.
Калимаҳои мураккабе,ки бо усули факки изофат сохта шудаанд, аз рўи тааллуқи ҷузъҳояшон ба ин ё он ҳиссаи нутқ ба ду гурўҳ – исму исм (сарлашкар, шарикдарс) ва исму сифат (модаркалон, мурғобӣ) ҷудо мешаванд.
Факултативӣ (лот. facultas – facultatis - имконпазир). Овозҳое, ки ҳатмӣ набуда, дар ифодаи маънои калима нақше намебозанд: бозингар.
Дар ин калима бозӣ решаи калима, -гар пасванд ва ҳамсадои н факултативист. Муқ.: сездаҳ-сенздаҳ. Ин падидаро дар пасвандҳои шаклсоз низ мушоҳида мекунем: -он (-йон, -вон, -гон) дар исмҳои ҷамъ:
дўстон, моҳи(й)он, оҳу(в)он, бача(г)он.
Фарҳанг, луғат, китобест, ки дар он воҳидҳои забонӣ (калимаҳо, морфемаҳо ва ғ.) бо тартиби муайян омада, асли баромад, мавридҳои истифода, тарҷумаи онҳо ба забони дигар дода мешавад. Фарҳанг дар давраҳои хеле қадим ба вуҷуд омада, баробари ташаккули забони адабӣ тараққӣ кардааст. Ду гурўҳи фарҳанг вуҷуд дорад: энсиклопедӣ, ки исми одамони машҳури таърихию асотирӣ, номҳои ҷуғрофӣ, истилоҳоти илму техника, воқеаҳои бузурги таърихиро шарҳ медиҳад; фарҳанги филологӣ ё лингвистӣ, ки дар он калимаҳо, ибораҳо ва хусусиятҳои грамматикию услубии онҳо тафсир мешавад. Фарҳанги лингвистӣ ба умумӣ ва махсус ҷудо шуда, яке калимаю истилоҳоти серистеъмол ва дигаре як ҳиссаи калимот, масалан, калимаҳои иқтибосӣ, фразеология (Фарҳанги фразеологӣ), синонимҳо (Фарҳанги синонимҳо), калимаҳои нав (Фарҳанги калима ва ибораҳои нав)-ро дар бар мегирад. Фарҳангро инчунин ба тафсирии якзабона ва дузабона ё тарҷума (масалан, Фарҳанги русӣ-англисӣ, тоҷикӣ-русӣ) тақсим мекунанд.
Фасоҳат (ар. فصاحت – равонии сухан, хушгўӣ) дар илми бадеъ аз заъфи таълиф фориғ будани каломро гўянд. Фасоҳат асосан ба таркиби

пешина
аз 389
навбатӣ