Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

метавонанд, зоҳир мешавад (масалан, ҳамсадоҳои ҷ, ж дар забони тоҷикӣ:
ҷола-жола, каҷдум-каждум). Ин овозҳо тобишҳои озод (факултативӣ) доранд. Фонема ду нишона дорад: нишонаи фонемагӣ (диференсиалӣ), ки барои фарқ кардани фонемаҳои ин ё он забон истифода мешаванд ва тобишӣ (интегралӣ). Мисоли нишонаҳои фонемагӣ даҳонӣ будани тарзи талаффузи фонемаҳои б, д шуда метавонад, зеро ин нишона овозҳои мазкурро аз ҳамсадоҳои димоғии м, н фарқ мекунонад. Барои нишонаҳои тобишӣ беҷарангии ҳамсадои қ-и тоҷикиро мисол овардан мумкин аст.
Ин ҳамсадо дар забони тоҷикӣ ҷуфти ҷарангнок надорад. Аз ин рў, нишонаи ҷарангию беҷарангӣ барои ҳамсадои қ арзиши фонологӣ надорад.
Фонетика (юн. phōnetikos аз phōnē – овоз), як соҳаи илми забоншиносист, ки сохти овозии забонро меомўзад. Сохти овозии забон ду ҷиҳати омўзиш дорад: тавлидию акустикӣ ва функсионалию забонӣ. Ин ҷиҳатҳои нутқи овозиро ду соҳаи илми забоншиносӣ: фонетика ва фонология меомўзад. Фонетика на танҳо вазифаҳои забонии падидаҳои овозӣ, балки ҷараёни овозсозӣ ва хусусиятҳои акустикии нутқи овозиро таҳқиқ мекунад. Ду навъи фонетика – умумӣ ва хусусӣ вуҷуд дорад.
Фонетикаи умумӣ дар асоси имкониятҳои овозсозии дастгоҳи гуфтори инсон вазъи умумии ташкилу тавлиди овозҳои нутқ ва хусусиятҳои акустикии онҳоро меомўзад ва дар асоси ин гурўҳбандии умумии садонокҳо ва ҳамсадоҳоро пешниҳод мекунад. Илова бар ин, масъалаҳои ба ҳамтаъсиррасонии овозҳо дар ҷараёни нутқ – ҳодисаҳои ҳамтавлидӣ, мувофиқату мутобиқат, табдилу монандшавии овозҳо низ мавзўи баҳси фонетикаи умумӣ мебошанд. Фонетикаи умумӣ табиату моҳияти воҳиди хурдтарини талаффуз – ҳиҷоро омўхта, омилҳои ҳиҷоҷудокуниро муайян мекунад. Таҳқиқи воситаҳои ташкили муттаҳиди ягонагии калима, навъҳои гуногуни зада (қуввагӣ, лаҳнӣ ё мусиқавӣ) ва сингармонизм аз вазифаҳои фонетикаи умумӣ мебошад. Фонетикаи умумӣ оҳангро низ, ки гоҳо ҳамчун яке аз воситаҳои ташкили ҷумла (ё гуфтор) буда, фонетикаи синтаксисӣ номида мешавад, баррасӣ менамояд. Фонетикаи хусусӣ ҳамаи

пешина
аз 389
навбатӣ