Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

мекунад, рўй медиҳад. Масалан, дар забони русӣ: 1. Ҳангоми як шудани пешванд ва реша, ки дар натиҷа як овоз ба ҳар ду морфема мансуб мегардад: приду (муқ. при-иду). 2. Ҳангоми якшавии овози аввали пасванд: расти (муқ. раст-ти); якшавии ҷузъҳои калимаи мураккаб, ки дар натиҷаи фурўгузор шудани яке аз ду ҳиҷои якхела воқеъ мегардад:
минералогия (муқ. минерал-ология).
Х
Хабар. Хабар яке аз сараъзоҳои ҷумла буда, амал, ҳолат ва аломати предметро дар шахсу шумора ва замони муайян ифода мекунад. хабар сараъзои ҷумлаи дутаркибаест, ки аз ҷиҳати грамматикӣ ба мубтадо тобеъ буда, вазифаи предикативӣ ва бо ёрии воситаҳои шаклӣ маъноҳои грамматикии сиғаю замонро ифода мекунад. мубтадо сараъзои эзоҳшаванда ва хабар эзоҳдиҳанда аст. Чунин тобеият бо ёрии бандакҳои феълию хабарӣ, тартиби калима, калимаҳои ёридиҳанда ва оҳанг сурат мегирад. Мувофиқи таҷзияи актуалии ҷумла хабар ва таркиби он ба қисми асосии ҷумла – рема дохил шуда, мақсади гўяндаву нависанда ва ё андешаю маънои нав бо он ифода меёбад. Хабар ба саволҳои предмет чӣ кор мекунед?, чӣ шуд?, чӣ буд?, кист?, чист? Ҷавоб мешавад. Хабарҳо вобаста ба муносибати он бо мубтадо ба ду гурўҳи калон ҷудо мешавад:
хабарҳои феълӣ ва хабарҳои номӣ.
Хабарҳои номӣ. Хабарҳое, ки бо ҳиссаҳои номии нутқ, масдару сифати феълӣ ва баъзан бо зарф ифода гардида, аломати предмети сухан
– мубтадоро вобаста ба замон ва шахсу шумора нишон медиҳанд.
Хабарҳои феълӣ амалу ҳолати предмети суханро, вале хабарҳои номӣ аломати предметро ифода мекунанд. Ҷузъи номии чунин хабарҳо дорои маънои луғавӣ буда, ҷузъи ёрирасон (феълҳои ёридиҳанда ва бандакҳои хабарӣ) дар ифодаи маънои грамматикии замон ва шахсу шумора ёрӣ мерасонад. Дар ин ҳолат исм ё ҷонишини аввал вазифаи мубтадоро, исм ё ҷонишини дуюм вазифаи хабари ҷумларо адо мекунад. Ин гуна хабарҳо ба замони ҳозира далолат мекунанд: Ман – меҳмон, шумо – соҳибхона (Ф.М.). Вай – ҷарроҳи машҳур (Толис). Ифодаи хабар бо исм: Амина – ҳамсараш (С.Т.); Чаро ин парӣ, вай дев (Ҷ.И.). Исм дар шакли холис ва ё қабули бандакҳои хабарию феълҳои ёридиҳанда ин вазифаро адо мекунанд: а) дар шакли холис: Амина – ҳамсараш (С.Турсун); б) бо бандакҳои хабарӣ: Бозори ин шаҳрҳо ҳаёту зиндагии онҳост (Ҷ.И.); в) бо ёрии феълҳои ёридиҳанда: Ин дастҳо дасти нозуки нармини Гулнор буд (С.А.). Ифодаи хабари номӣ бо сифат. Сифат одатан ба эзоҳи предмет

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор