Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

оварда гандум бар (С.А.); Акнун камтар арзи маро шунавед (Ҷ.И.).
Хабарҳои феълии таркибӣ. Чунин хабарҳо ҳатман ду ё бисёр ҷузъа мешаванд. Ҷузъи ёридиҳанда феъл аст. Ҷузъи ёрирасон (феъл) ба ҷузъи асосӣ хусусияти предикативӣ дода, ба замон ва шахсу шумораи субъект далолат мекунад. Ба вазифаи ҷузъи асосӣ исм, сифат ва феълҳои тасрифнашаванда омада метавонанд: Ҳунармандон боз ба кор машғул шуданд (С.А.); Падарам дар андеша монд (С.У.). Калимаҳои модалии тавонистан, хостан, боистан, даркор, лозим, зарур, мумкин чун ҷузъи ёридиҳанда бо масдар дар шакли пурраю кўтоҳ омада хабарҳои феълии таркибӣ месозанд: Лекин ман чандон дур рафта натавонистам (Ҷ.И.); Вай акнун на фақат кўҳнапарастонро шармсор кардан мехоҳад (Р.Ҷ.).
Хабарҳои феълии пайваст. Хабарҳое, ки бештар аз ду ҷузъ таркиб меёбанд. Дар ифодаи маънои луғавии амал ҳар ду ҷузъ саҳм дорад: як ҷузъ барои ифодаи мафҳуми луғавию ҷузъи дигар барои ифодаи маънои грамматикӣ истифода намешавад. Чунин хабарҳо бештар ба феълҳои ифодагари мафҳумҳои ҳаракат ва сўй далолат мекунанд. Дар шаклгирии чунин хабарҳо феълҳои омадан, рафтан зиёд истифода мешаванд: Худи Шокирҷон ҳам қоҳ-қоҳ зада хандида фиристод (Ҳ.К.); Фирўза ба чашмаш об гирифта, воқеаи ҳавлиро ва фармони Мағфиратро гуфта дод (Ҷ.И.).
Хабарҳои чида. Хабарҳои феълии чида. Ду ва зиёда хабарҳои мустақили аз рўйи шахсу шумора бо ҳам дар алоқаи пайваст омада, ки ба як мубтадо нигаронида шудаанд: Ў дар пеши оина саллаи кабудеро пайваста мебасту мекушод (Ҳ.И.). Хабарҳои номии чида. Хабарҳое, ки ҳам дар шакли холис ва ҳам бо ёрии бандакҳои хабарию феълҳои ёридиҳанда чида шуда меоянд: Дилатон мувофиқи дили ман соф, беғубор, Гулрўҷон
(Р.Ҷ.).
Хат, системаи аломатҳоест, ки тавассути нақшу тасвирҳо робитаи одамонро таъмин менамояд ва хабареро ба фосилаи муайян мерасонад.
Хатро бапанҷ навъи асосӣ гурўҳбандӣ кардаанд: Фразеография, хати фикрагӣ, таърихан хати ибтидоӣ буда, тасвирҳо ё аломатҳои он (фразограммаҳо) ахбори томро бидуни тақсим ба калимаҳои алоҳида

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор