Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

ба иҷрои амал водор кардан, даъват намудан, хоҳишу розигӣ ва ғайраҳоро мефаҳмонанд: Канӣ, Юнусбобо, шумо сар шуда ба харароба чор-панҷкасӣ шишта рафтан гиред (Ф.Н.); Дадо савғотии ба ман овардагиатон канӣ?... (С.У.).
Ҳиҷо. Дар таҳлили забоншиносӣ ҳадди охирин ва воҳиди хурдтарини таҷзия овози алоҳида фонема мебошад. Аммо дар талаффуз ҳадди охирини таҷзияи нутқи овозӣ ҳиҷост. Масалан, ҷумлаи «Падарам дирўз омад» дар талаффуз ба порчаҳои овозии па-да-рам – ди-рўз – о-мад ҷудо мешавад,ки ба воҳидҳои хурдтар тақсим кардани онҳо имконпазир аст. Ҳамин порчаҳои овозӣ ҳиҷо ном доранд. Бинобар ҳамин ҳиҷоро воҳиди хурдтарини талаффуз мегўянд. Ҳиҷоҳо вобаста ба таркибу хусусиятҳои овозиашон якчанд хел мешаванд. Вобаста ба он, ки ҳиҷо бо садонок тамом мешавад ё бо ҳамсадо ҳиҷоҳоро ба кушодаю баста ҷудо мекунанд. Агар ҳиҷо босадонок тамом шуда бошад (бо-бо, зо-ну, са-да, то-за), онро ҳиҷои кушода ва агар бо ҳамсадо ба охир расад (бод-бон, шоҳ-мот, кор-гар) онро ҳиҷои баста меноманд. Ҳиҷоҳо вобаста ба заданокиашон низ ду навъ мешаванд: заданок ва безада (дор-бӯз, до-ниш).
Бештарини калимаҳои забони тоҷикӣ аз як ҳиҷои заданок ва аз як ё якчанд ҳиҷоҳои безада таркиб меёбанд: хо-нá, хо-на-ги, хо-на-во-дá. Ҳангоми омўзиши ҳиҷо зарурати ҳалли ду масъалаи асосӣ пеш меояд: а) ҳиҷосозӣ дар ин ё он забон чӣ тавр сурат мегирад, яъне чӣ тавр ва ба кадом восита овозҳои гуногун дар таркибҳои муайян (масалан, хо-на, хон-дан) муттаҳид шуда, як воҳид-ҳиҷоро ба вуҷуд меоранд; б) ҳиҷоҷудокунӣ бо кадом роҳ амалӣ мегардад, яъне ҳудуди ҳиҷоро дар таркиби ин ё он калима чӣ тавр муайян кардан мумкин аст?
Ҳиҷосозӣ. Аксарияти забоншиносон садонокҳоро воситаи асосии ҳиҷосозӣ медонанд. Дар забони тоҷикӣ садонокҳо дар ҳудуди ҳиҷо истеъмоли озод доранд. Онҳо дар аввал (ор-зу, ар-ча), мобайн (под-шоҳ, сад-барг) ва охир (по-да, хо-на) бе маҳдудият истифода мешаванд.
Ҳиҷоҷудокунӣ. Агар таркиби овозии калима ва морфемаҳои якҳиҷоиро бодиққат аз назар гузаронем, хусусиятҳои зерини таркиби

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор