Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

ҳолат ва аломати хабарро ба амалу ҳолат ва ё аломати предмети дигар бо тарзи қиёс ё монандкунӣ эзоҳ медиҳад:
Бихандад лола бар саҳро
Ба сони чеҳраи Лайло.
Бигиряд абр бар гардун
Ба сони дидаи Маҷнун (Рўдакӣ).
Ҳоли миқдор - ҳоли миқдор такрори амал, миқдори зоҳир шудани ҳолату аломат, фосилаи замон, андозаи масоҳа, ҳаҷм, вазн, арзишро ифода мекунад ва ба саволҳои Чӣ қадар?, Чанд вақт? ҷавоб мешавад.
Чунончи, такрори амал: Алибатрак ин мурғи фўлодинро дар Душанбе борҳо дида буд (Ҳ.К.). Фосилаи замон: Акбарамак … даме хомўш монд (Ҳ.К.). Миқдори масофа: Асп як бист қадам ба дарё рафта буд ки, оби хунук ба пойи ман расид (С.У.). Ҳоли дараҷа. Ҳоли дараҷа ба кадом андоза зоҳир шудани амал, ҳолат ва аломатро мефаҳмонад: Вай дар вақти амир камақак зулм накардааст (С.А.). Ҳоли дараҷа бо зарфҳои хеле, ниҳоят, бағоят, басе, беҳад, андак, қадре, кам, бисёр, таркибҳои як андоза, як қадар, то андозае, шумораҳои сад, ҳазорон, сифатҳои хуб, тоза ифода меёбад: Садафмоҳ сад пушаймон, ки туро озурдааст (Ҷ.И.); Норбибӣ хориаш омада, хуб гиря кард (Ф.Н.).

пешина
аз 389
навбатӣ