Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

ҷиҳати сохтор хуллас ва тафсилӣ мешаванд. Дар ҷумлаҳои унвонии тафсилӣ исм ба вазифаи ҷузъи асосӣ омада, бо бандаки изофӣ муайянкунандаро ба худ тобеъ мекунад: Давраи ҷавонӣ, даштҳои васеи Украина, ҷангалзорҳо, оби дарёча, моҳидорӣ. Дар аввали ҷанги ҷаҳон мурдани падар, нолиши модар, гиряи ў ва бародари хурдаш, баъд батракӣ. Ибораҳои масдарӣ ҳам бо алоқаҳои изофию вобастагӣ калимаҳоро ба худ тобеъ намуда, дар матн ба вазифаи ҷумлаҳои унвонӣ омада метавонанд. Дар ташаккули ҷумлаҳои унвонӣ се омили асосӣ:
ифодаи воқеият (ё муносибати предикативӣ), мақоми мустақил пайдо намудани исм ё масдар (ибораҳои исмию масдарӣ) ва дорои оҳанг ҷумла гардидани онҳо нақши муҳим мегузорад. Ҷумлаҳои бешахс дар маънои хабарҳое, ки танҳо ҳолатро мефаҳмонанд, низ ифода меёбанд: Торик буд.
Равшан гашт. Сафед шуд. Ҷумлаҳои бешахс қатъияти иҷрои амалро ба таври умумӣ мефаҳмонанд:
Гуфт рассом: – Аз ту чун тасвир мебояд кашид?
Гуфтамаш: – Дар шўъла як шамшер мебояд кашид (А.Л.).
Инчунин зарурати иҷрои амалро вобаста ба ҳолати объект ифода мекунанд: Беморро сиҳат кардан лозим (С.А.).
Ҷумлаи вокативӣ (Ҷумлаҳои муроҷиатӣ-мухотабӣ). Ҷумлаҳои яктаркибае, ки дар онҳо аъзои асосӣ номи шахс буда, гўянда ба он муроҷиат кардааст. Баробари номбар кардани номи шунаванда, гўянда бо ёрии интонатсия маъноҳои гуногун ва ҳиссиёту эҳсосоти худро (водоркунӣ, тарс, нафрат, хурсандӣ, ҳаяҷон ва ғайра)-ро ифода мекунад:
Намедонам. Не, ба ҷойи Пўлод маро кушед! Маро кушед! Золимҳо!
Хунхўрҳо! (Ҳ.К.).
Ҷумлаи иловагӣ. Ҷумлаҳое, ки ба матни асосӣ чун воситаи ёрирасон барои равшан шудани мақсад илова карда мешавад. Чунин ҷумлаҳо хусусияти истисноӣ дошта, онҳоро аз матн фурўгузор кардан ҳам мумкин аст: Дар тарафи ман додарам Сироҷиддин (дар соли 1918 аз тарафи амир кушта шуд) ва Мирзо Назрулло (ин дар соли 1917 дар қатори ман дастгир шуда, дар як хона бо ман ҳабс гардид ва бо ман дар як ҷо 75 чўб зада шуд

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор