Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

дукасӣ менишастанд, инчунин токчаи тирезаҳо ҳам аз одам пур буд (С.У.) Ба ифодаи муносибатҳои маъноии замонӣ мутобиқати шаклҳои замонии феъл низ мусоидат мекунад. Хабарҳои медурахшиданд, меларзиданд, мепариданд бо шакли замони гузаштаи ҳикоягии сиғаи хабарӣ ифода гардидаанд: Чашмонаш аз оташи ғазаб медурахшиданд, лабонаш монанди вараҷагирифтагон меларзиданд, пўстҳои рўй ва атрофии чашмонаш мепариданд (С.А.). Ҷузъҳои ҷумлаҳои пайвасти пайиҳам, бе пайвандак, танҳо бо интонатсияи пайваст низ алоқаманд мешаванд:
Падарам мурд, шумо ба ҷойи падари ман ҳастед. Ман ҳанўз ҷавонам, шумо соябони ман ҳастед (Чор дарвеш). Мўҷазбаёнӣ ва ихтисори хабар ё феълҳои ёвари таркиби хабар яке аз хусусиятҳои ҷумлабандии забони назм аст:
Ту меравӣ хиромон, ман бо ду чашми гирён, Ошуфтаву парешон чун кокул аз қафоят (Мушфиқӣ).
Ҷумлаи мураккаби пайвасти пайвандакдор. Ин ҷумлаҳо бо пайвандакҳои пайвасти паиҳам, хилофӣ ва ҷудоӣ сохта мешаванд.
Ҷумлаҳои мураккаби пайвасти паиҳам дар асоси алоқаи пайвасти паиҳам сохта мешаванд. Мафҳуми паиҳам ба тариқи чида қатор овардан ё гузошта шудани онҳоро дар назар дорад: Дар қишлоқи «Гулистон»
маҷлиси таърихӣ барпо шуду он колхози «Ҳаёти нав»-ро ба вуҷуд овард (Ҷ.И.). Ҷумлаҳои содаи таркиби ҷумлаҳои мураккаби пайвасти паиҳам бо ёрии пайвандакҳои ва, -у (-ю) ва калимаҳои такрори ҳам… ҳам, чи… чи, хоҳ… хоҳ алоқаманд мешаванд: Ҳавои фараҳафзои баҳр дили Ҳайдарқулро ба ҷўш овард ва ў ҳам беихтиёр ба сурудхонӣ даромад
(Ҷ.И.).
Ҷумлаи мураккаби тобеи бепайвандак. Ҷумлаи мураккаби тобее, ки ҷузъҳои он ба якдигар бепайвандак, танҳо ба воситаи интонатсия тобеъкунанда алоқаманд шудаанд. Бештар пайравҳои пуркунанда ва хабар ба сарҷумла бепайвандак тобеъ мешаванд. Агар хабари сарҷумла бо феъли гузаранда ифода ёбад, барои шарҳи он хабар пайрави пуркунанда, агар бо калимаҳои нисбӣ ва ёридиҳандаҳо ифода ёбад,

пешина
аз 389
навбатӣ