Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

пурсишҷонишинҳои чӣ, чӣ хел, чӣ гуна, чӣ қадар ва ғ. омада, ҳисиётҳои гуногунро мефаҳмонад.
Ҷумлаи яктаркибаи номӣ. Ҷумлаҳое, ки дар онҳо фақат мубтадо (ё таркиби мубтадо) мавҷуд аст. Дар ин қабил ҷумлаҳо мубтадо асоси сохтории ҷумлаҳои яктаркибаи номиро ташкил медиҳад. Ҷумлаҳои яктаркибаи номӣ воқеияти амалро ифода мекунанд ва ин маънои грамматикии онҳо ҳисоб меёбад. Ҷумлаҳои яктаркибаи номӣ ҳамеша бо исм ифода мешаванд.Исм баробари ном бурдани ашё, ҳодисаю воқеа мавҷудият ва воқеияти онро низ ифода намуда, ба ҷумла табдил меёбад.
Муносибати предикативӣ дар ҷумлаҳои яктаркибаи номӣ бо ёрии категорияҳои модалият ва замон ифода меёбад. Исм мақоми мустақил дошта бошад ва ба дигар калимаҳо вобастагӣ зоҳир накунад, ҷумлаҳои яктаркибаи номӣ мешавад: – Ману ту чӣ дорем? – Ҳеҷ чӣ. Суп-сурх анор.
Мардуми луб-лучак.
Ҷумлаҳои истисноии туфайлӣ муносибати гўяндаро ба мазмуну мундариҷаи ҷумлаи асосӣ ифода менамоянд. Онҳо ба сарчашма ва манбаи маълумот, ба хотир овардани фикр ҳодисаву воқеаҳо ишора мекунанд:
Чунонки ба шумо гуфта будам, ман муллобача мебошам (С.А.).
Ҷумлаҳои истисноӣ. Ҷумлаҳое, ки барои тасреҳу ташреҳ, конкрету равшан ва барҷастаю аниқ баён гардидани фикр ба ҷумлаи асосӣ ёрӣ мерасонанд. Чунин ҷумлаҳо дар қиёси ҷумлаҳои таркиби ҷумлаи мураккаб мустақилияти бештари маъноӣ дорад: Он кас чўби ғафси дарози сафедори самарқандиро (сафедореро, ки дар Самарқанд шамшод меноманд), рост арра карда, ҳар кадоми онҳоро ба шакли нова кофта, боз дуяшро бо ҳам бо елим ҷафс карда, ба тарзе ки дар ин най дидӣ, сохта буданд (С.А.). Ҷумлаи истисноии тасреҳӣ мазмуни тамоми ҷумлаи асосиро ҳам конкрет мекунад: падараш ба мо раҳмат нагуфта баромада рафт (ҳарчанд ки мо ҳамаи корҳои фармудаи ўро сидқан иҷро кардем (маҷаллаи «Садои Шарқ»).
Ҷумлаҳои масдарӣ. Ҷумлаи яктаркибае, ки сараъзои он бо масдари мустақилвазифа ифода ёфтааст. Ин навъ ҷумлаҳо бештар барои ифодаи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор