Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

барқарор намудани масоили гуногуни шаклу ҳолату падидаҳои забонии бешоҳиду далелҳо тавассути муқоисаи таърихии воҳидҳои алоҳидаи забонҳои ҷудогона, гурўҳи забонҳо ё оилаи забонҳо.
Бори функсионалӣ. 1. Дараҷаи (басомади) истифодаи ин ё он воситаи забонӣ барои фарқ кардани ифодае. 2. Дараҷаи истифодаи ин ё он тазоди фонологӣ барои фарқ гузоштани калимаҳо ва морфемаҳо. Тазоди [у]-[ў] дар забони тоҷикӣ дар қиёси тазоди [а]-[е] бори функсионалии бештаре дорад (гул-гўл, хуш-хўш, бур-бўр, мўр-мур, буз-бўз, куш-кўш, руд-рўд, хурд-хўрд). 3. Басомади истифодаи фонемаҳо дар оғозу интиҳои калимаҳо.

В
Вазифа – функсия (аз лот. function – фаъолият, иҷро). 1. Нақшу саҳми воҳиди забонӣ (тавассути категорияи грамматикӣ, шакли грамматикӣ) дар мавриди бозтавлиди забон ба нутқ. Вазифаи хабар, ки бо феъл ифода меёбад. Вазифаи ҳол, ки бо зарф ифода меёбад. 2. Истифодаи ҷиҳатҳои гуногуни забон ва унсурҳои он.
Вазифаи (функсияи) забон – 1) вазифаи забон дар ҷомеашиносӣ; 2) вобастагии воҳидҳои як маҷмўъ ба маҷмўаҳои дигар; маънои дуюм бештар ба воҳидҳои забон иртибот дорад (масалан, таносуби вандҳо (аффиксхо) ва решаи калимаҳо). Ду вазифаи бунёдии забон инхоянд:
вазифаи коммуникативӣ (иртиботӣ), яъне воситаи муҳими робитаи алоқаи байни одамон ва когнитивӣ (маърифатӣ ва таъсирбаёнӣ), яъне ифодаи фаъолияти шуур. Татбиқи вазифаи иртиботӣ дар соҳаҳои гуногуни инсонӣ вазифаи ҷамъиятии забонро муайян мекунад. Таҳқиқи вазифаи забон дар алоқамандӣ бо тавсиаи соҳаи омўзиши забон дар амал, махсусиятҳои нутқи гуфтугўӣ, услубҳои функсионалӣ (ҷорӣ) ва лингвистикаи матн мавриди таваҷҷўҳи зиёд қарор мегирад. Умумиятҳои забонҳои сершумори дунё, пеш аз ҳама, ҳар муштарак будани вазифаю функсияи онҳо зоҳир мешавад. Ҳамаи забонҳо: а) воситаи алоқаи байни одамон мебошанд; б) дар ташаккул ва ифодаи фикр хизмат мекунанд; в)

пешина
аз 389
навбатӣ