Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Варианти калимаҳо – тағйироти зоҳирии калимаҳои таркиби морфологиашон устувор, ки аз ягон ҷиҳат (қолаби заданокӣ, ифодаи грамматикӣ, тарзи талаффузу тобишҳои маъно) фарқ мекунанд.
Тағйиротҳои зоҳирии (шаклу) калимаҳост, ки таркибҳои морфемаҳояшон устувор бошад ҳам, аз ягон ҷиҳат (қолаби заданокӣ, ифодаи грамматикӣ, тарзи талаффуз, тобиши маъно) аз ҳамдигар фарқ мекунанд: рў-рўй, дусад-дувист, назария-назария, сесáд//сéсад, чор//чаҳор, чил//чиҳил, истодан//ситодан, зиндагӣ//зиндагонӣ, гар//ар//агар, қуфл//қулф, сафҳа//саҳифа, бозигар//бозингар, кафтар//кабўтар, гушна//гурусна.
Варианти калимасозӣ – тағйир додани калимаҳо бо дигар кардани морфемаҳои ҷудогона: созонд//созонид, баобрў//бообрў; ангабин//ангубин, мўлкаратӣ//бисёркаратӣ, фуромад//фаромад.
Варианти морфологии калимаҳо – тағйирёбии намуди зоҳирии калима вобаста ба ифодаи ҷинсияти табиӣ, ки хоси забони тоҷикӣ нест.
Аз забони арабӣ баъзе исмҳои шахс дар ду шакл: мардонаю занона иқтибос шудаанд: муаллим – муаллима, шоир – шоира, адиб – адиба; Шамсӣ – Шамсия. Аз рўйи ҳамин қолаб солҳои охир як идда номҳои занона сохта шудаанд: Хуршед – Хуршеда, Парвин – Парвина, Баҳор – Баҳора.
Варианти фонемаҳо - овозҳои нутқ (фонемаҳо) дар таркиби воҳидҳои маънодор ду вазифаро адо мекунанд: калимасозӣ ва калимафарқкунӣ.
Вазифаи калимасозӣ дар он зоҳир мешавад, ки овозҳо барои сохтани калимаҳо ҳамчун масолеҳи бинокорӣ хидмат мекунанд. Вазифаи калимасозӣ (воҳидсозӣ) хоси ҳамаи овозҳои нутқанд. Аммо вазифаи калимафарқкунӣ: а) овозҳое, ки қобилияти калимафарқкунӣ доранд; б) овозҳое, ки қобилияти калимафарқкунӣ надоранд ва ба тағйири маънои калима якдигарро иваз карда метавонанд, тобишҳои (гуна-вариантҳои) як фонемаанд. Масалан, садоноки а дар калимаҳои банд, қанд, сафед, коса тобишҳои гуногун дорад; дар калимаи банд тобиши моил ба пеш, дар қанд
– тобиши моил ба қафо дорад, зеро дар калимаи якум бо ҳамсадои лабулабии б ва дар калимаи дуюм бо ҳамсадои забончагии қ омадааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё