Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Аксентуатсия. 1. Тавассути зада ҷудо кардани унсурҳои ҷудогонаи калимаю фраза – ҷумла. 2. Системаи (низоми) зада дар забонҳои ҷудогона ё гурўҳи забонҳои хеш). 3. Ифодаи зада дар матни хаттӣ.
Актуализатсия (аз лот. actualis - фаъол). Амалӣ сохтани хусусиятҳои имконпазири унсурҳои забонӣ дар нутқ, мутобиқату мувофиқати онҳо ба талаботи вазъи мушаххаси нутқ.
Акустика (ниг.: ҷиҳати акустикии воҳидҳои фонетика).
Алифбо (аз номи авали ду ҳарфи арабии алиф (ا) ва бо (ب) гирифта шудааст). Системаи аломатҳои хаттие, ки тавасути рамзҳои ифодакунандаи унсурҳои ҷудогонаи овозӣ симои овозии алимаҳои забонро ифода мекунанд. Алифбо ҳамчун маҷмўи аломатҳои графикӣ (ҳарфҳо) бо тартиби муайяни ба ин ё он забон хос қабул гардидааст.
(Алифбоҳои арабӣ, лотинӣ, русӣ, тоҷикӣ, юнонӣ). Ҳамаи алифбоҳои маълум бо мавҷудияти қоидаҳои синтагмантикии ифодаи фонемаҳо дар калимаҳо ва маҷмўи аломатҳои ба ҳама истифодабарандагонашон маълум ба як шароити муайян тавсиф мешаванд. Асоси бештарини системаи миллии хатро алифбоҳои лотинию славянию кириллӣ, арабӣ, ҳиндӣ ташкил медиҳанд. Мафҳуми алифбо ҳамчун маҷмўи парадигматикии унсурҳое, ки аз онҳо ифода – матнҳо сохта мешаванд, барои тасвири забонҳои мантиқию сунъӣ, аз ҷумла дар математика, мантиқи математикӣ, семиотика истифода мешавад.
Алифбои арабӣ, алифбои муосири араб, ки дар асоси алифбои арабӣ пайдо шудааст; сарчашмаи алифбои оромӣ алифбои финикист. Ин алифбо 28 ҳарф дорад, ки 18-тои он шакли мустақили графикӣ дорад.
Ҳарфҳои дигар танҳо бо нуқтаҳо фарқ мекунанд. Ҳарфҳои алифбои арабӣ бештар ҳамсадоҳоро ифода мекунанд. Аз садонокҳо танҳо се садоноки дароз: алиф (ا), вов (و) ва йо (ی) ифодаи графикии худро доранд.
Садонокҳои кўтоҳ тавассути ҳаракатҳо: фатҳа («а»-и кўтоҳ), касра («и»-и кўтоҳ) ва замма («у»-и кўтоҳ) ифода мешаванд. Ҳарфҳои арабӣ ба ду гурўҳ: муттасила (пайваст) ва мунфасила ҷудо мешаванд. Интишори алифбои арабӣ ба истилои араб ва ҳудуди интишори дини ислом

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё