Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Ҳамин суханро чаро барвақттар нагуфтед? - боз пурсид Абдумаҷидов.
-Дар ин бора маро ягон кас напурсид.
-Агар рафту суханонат тасдиқ нашаванд, медонӣ чӣ мешавад?
– пурсид муфаттиш.
-Майлаш санҷед, пас ҳар чӣ шавад, ман розӣ.
-Ба ҷуз шумо боз ягон кас аз хона калид дорад?
-Не.
-Пас чӣ хел исбот мекунед, ки шумо бегуноҳед, ҳол он ки аз хонаатон чизҳои аз мағоза гумшударо ёфтанд.
-Намедонам. Ман аллакай шаб ҳам гуфтам, ки аз мурданам хабар дораму аз он чизҳо не.
-Дирӯз ягон кас ба хонаатон омада буд?
-Не.
-Хонаатон дар чандум ошёна?
-Дар ошёнаи дуюм.
-Ман дигар савол надорам, - гуфт Абдумаҷидов.
Муфаттиш тугмачаи зангро зер кард ва лаҳзае пас ҳамон ду милитсионер ҳозир шуданд.
-Боз андак сабр кунед, - гуфт муфаттиш ва чун Баҳромов протоколро хонда имзо гузошт амр кард, ки ӯро баранд.
-Ба куҷо?
-Ба ИВС ва илова кард, ки протоколи нигоҳдории ӯро ҳоло имзо карда медиҳад.
-Ака, охир гуфтам ки ман ягон гуноҳ надорам,-ба тарафи муфаттиш нигариста гуфт боздоштшуда.
-Мо бовар кардем ва то санҷидани ҳолатҳои кор шуморо лозим мешавад, ки ин ҷо бимонед.
-Чӣ қадар ман бояд ин ҷо нишинам?
-На бештар аз се шабонарӯз ва агар бегуноҳиатон собит шавад, мумкин шуморо тезтар ҷавоб диҳем, вагарна... Хайр худатон медонед.
-Медонам,-гӯён Давлат Баҳром дар иҳотаи ду милитсионер аз дафтари кори Зарифов баромад.
-Акнун ҳарчи тезтар ба шаҳри Ваҳдат рафта алибии ӯро санҷидан лозим, - гӯён Абдумаҷидов аз дафтари кории муфаттиш баромад...

пешина
аз 429
навбатӣ