Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

-Намедонам, Оташак-да...
-Вай ҳоло дар куҷо?
-Дар дафтари қабулгоҳи шаҳрвандон.
-Чаро дар ИВС не?
-Чунки ман бо ӯ суҳбат накарда, ба протоколи нигоҳдории муваққатияш имзо нагузоштам, ҳарчанд Оташак инро мехост.
-Фарқаш чӣ ки ӯ дар қабулгоҳ аст ё дар ИВС? Умуман, ин масъаларо тезтар ҳал кардан лозим.
Зарифов гӯшаки телефони дохилиро бардошт ва ба навбатдор супориш дод, ки Давлати Баҳромро ба наздаш биёранд.
Баъди ду дақиқа ҷавони бисту чор-биступанҷсолае дар иҳотаи ду милитсионер вориди дафтари кории муфаттиш шуд.
Зарифов протоколи пурсиши гумонбаршударо аз ғалладони мизи кориаш бароварда, қисми муқаррарии онро аз суханони гумонбаршуда, ки аслан аз ному насаб, рӯз, сол, ҷои таваллуд, ҷои кор ва истиқомат, ӯҳдадори ҳарбӣ, ҳизбият, суд шудааст ё не пур карда, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои ӯро дар назди қонун фаҳмонда дод ва чун ба протокол имзои ӯро гирифт, ба пурсиши моҳияти кор сар кард.
Гумонбаршуда Баҳромов Давлат Холович, соли тавалудаш 1980, истиқоматкунандаи кӯчаи Шаҳбоз 29/4, хонаи 6, донишҷӯи факултаи механикаю математикаи Донишгоҳи давлатии миллӣ буда...
Ба саволҳои муфаттиш ӯ бе ягон андеша ҷавоб дод. Ба саволи ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ, ки донистан мехост, ки шаби 30 ба 31 март ва шаби 31 март ба 1 апрел Баҳромов дар куҷо буд, донишҷӯи гумонбаршуда чунин посух дод:
-Рӯзи шанбе 30 апрел баъди анҷоми дарс дар басти якум ҳамроҳи ҳамсабақаш Воҳиди Маҳмуд ба шаҳри Ваҳдат рафта, аз он ҷо субҳи рӯзи душанбе 1 апрел ҳамроҳи Воҳид баргаштааст.
-Ба саволи он ки ба ҷуз Воҳиди Маҳмуд суханони ӯро кӣ тасдиқ мекунад, гумонбаршуда гуфт, ки ҳамаи онҳое, ки дар он шаби борон дар зодрӯзи бародари Воҳид - Собит иштирок доштанд. Ҳамчунин, ӯ гуфт, ки шаби 31 ба 1 апрел ҳам чанд нафар
00 дӯстони хонадони Воҳид омада, ҳамроҳи ӯ то соатҳои 1 шаб шишта, сипас ба хонаҳояшон рафтанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор