Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

-Бе иҷозати ман, ё вай тирмизак ақлашро хӯрдааст?
-Якум, ки вай тирмизак не, балки муфаттиш аст ва муфаттиш дар кор танҳо ба қонун итоат мекунад, - якбора ғазаби Оташакро бардоштанӣ шуда гуфт навбатдор Холиқ Вазиров.
-Вай, вай кӣ буд номаш?
-Муфаттиш?
-Ҳа.
-Зарифов Ҳикматулло Убай...
-Шуд ҳамон Зарифовро тез ба назди ман фиристед, - гӯён Масрури Мӯсо ба дафтари кориаш рафт.
-Он кас то ҳозир наомадааст, - аз қафо овоз дод Вазиров, вале Масрури Мӯсо шунид ё не, дигар ҷавобе надод.
“Ҳеҷ ин мардумро фаҳмида намешавад” баробари вориди дафтари кориаш шудан ҷисми хешро ба курсии мулоим партофта даст ба пешони монда, ғунгос зад Масрури Мӯсо. –Хайр, канӣ вай биёяд фаҳмем, ки чӣ гап шудааст? Аз афташ Абдумаҷидов баҳри гумонбаршуда алибии мустаҳкаме овардааст. Ана инро корманди оперативӣ мегӯянд, ба ҷои он ки кӯшиш ба харҷ диҳаду гуноҳи ҷинояткорро собит намояд, миёни хеш баста, ба ҳимояаш хест ва ана натиҷааш. Ё ҳамаи ҳамин корро бар қасди ман намуданд?- “Ҳаргиз ин хел нест. Онҳо пеш аз худат фаҳмиданд, ки лойи хушк дар девор намечаспад,” - нидо омад аз қалбаш.
Масрури Мӯсо аслан маълумоти политехникӣ дошт ва тайи чанд сол дар як автобазаи калон ёрдамчии сармуҳандис буд ва техникаро аз сару бар нағз мефаҳмид, вале чун ба милиса омаду бо одамон сару кор гирифт, фаҳмид, ки дар дунё ягон механизме чун худи инсон мураккабу нофаҳмо нест...
-Ҷеғ зада будед, рафиқ капитан? - гуфтани касе ӯро аз байни хаёлот берун овард ва сар бардошта, дар рӯ ба рӯяш муфаттишро дид.
-Кӣ ба шумо иҷозат дод, ки гумонбаршударо ҷавоб диҳед? - бе ягон салому калом ба ҳуҷум гузашт муовини сардор.
-Ба ман рухсати ягон кас лозим нест ва дар ин бора дастури асосии ман қонун аст.
-Қонун қонун гуфта мешинӣ ё мо дар ин ҷо санги сари қабрем?
-Ман ҳаргиз ин хел нагуфтам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор